Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиёни ширкати арзиз -- 15 миллион доллар


па

Ширкати арзизи тоҷик ба иллати норасоии нерӯи барқ дар моҳҳои феврал-марти соли равон беш аз понздаҳ миллион доллар зарар дидааст.


Масъулини ширкати мазкур таъйид мекунанд, ки дар ин муддат тавлидоти корхона тақрибан панҷуним ҳазор тонна коҳиш ёфтааст. Ӯктам Фаёзов, муовини раиси Ширкати арзизи тоҷик гуфт, танҳо дар як моҳи март корхона се ҳазор тонна камтар алюминий истеҳсол кардааст. Тибқи иттилоъи масъулини ширкати арзиз, дар моҳи феврали соли ҷорӣ коҳиши меъёри истифода аз нерӯи барқ 14 миллион ва дар мохи март беш аз 79 млн киловатт соатро ташкил кардааст.


Тафсилоти ин мавзӯъ зери ин хати сабз ниҳон аст
XS
SM
MD
LG