Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз ҳазору сесад кило мухаддироти мусодирашуда дар семоҳа


Тайи се моҳи ахир беш аз ҳазору сесад кило маводи мухаддир аз сӯйи Оҷонси назорат бар маводи мухаддири вобаста ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон мусодира шудааст.


Мақомоти ин ниҳод дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтанд, ки дар ин иртибот 32 қочоқбари маводи мухаддирро боздошт кардаанд, ки аз ин миён се шаҳрванди Афғонистон ва чаҳор нафарашон зан будаанд.


Ҳамзамон, ба иттилоъи афсарони мухобироти Оҷонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон, дар музофотҳои шимолии Афғонистон як корхонаи тавлиди ҳероин ҳам маҳв шудааст.


Дар нишасти мазкур ҳамчунин эълом шуд, ки ояндаи наздик намояндагии саввуми Оҷонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон дар Афғонистон, дар шаҳри Мазори Шариф ифтитоҳ мегардад.
XS
SM
MD
LG