Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Интиқоди шаҳрдори Душанбе аз фаъолияти хабарнигорон

Раиси ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯяд, расонаҳои гурӯҳӣ ва радиоҳои хориҷии фаъол дар Тоҷикистон дар инъикоси раванди бозсозии пойтахт ба бемасъулиятӣ ва сӯъиистифода аз мақоми хидматӣ роҳ додаанд. Раванди мазкур бар асоси дастури шаҳрдорӣ аз аввали соли равон шурӯъ ёфтааст.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев - раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе зимни баррасии барномаи бунёди Муҷтамаъаи боғи устод Рӯдакӣ дар як маросим расонаҳои гурӯҳиро дар инъикос ва бозтоби ба гуфтаи ӯ якҷонибаи ҷараёни бозсозии пойтахт муттаҳам кард. Оқои Убайдуллоев гуфт нақшаи бозсозии пойтахт ҳанӯз дар соли 1983 дар замони шӯравӣ таҳия шуда ва мебоист соли 2005 ба поён мерасид. Вале ҳоло,ки шароити иҷрои дубораи он фароҳам шудааст, расонаҳои гурӯҳӣ бидуни дарки воқеият ва таҳлили амиқи он даст ба интиқоди беасоси ин барнома задаанд.





Раиси шаҳри Душанбе афзуд,ки ба ҳеҷ сурат иҷрои барномаи бозсозии пойтахт тағйир нахоҳад кард ва хабарнигорон низ дар инъикоси ин масъала ва фаъолияти ниҳодҳои вобаста ба шаҳрдорӣ бояд аз мавзеъи масъулини пойтахт дар матолиби худ истифода кунанд. Аммо таъкид кард, ки худи имконият ва вақти мулоқот ва мусоҳиба бо расонаҳои гурӯҳиро надоштааст.






Интиқоди фаъолияти расонаҳои гурӯҳӣ аз сӯи Муҳаммадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллӣ - нафари дувум дар давлати Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад ,ки Абдуҷаббор Раҳмонов - вазири маъорифи ин кишвар низ зимни як нишасти хабарӣ расонаҳо ва аз ҷумла радиои Озодиро ба иқдоми ба гуфтаи вай ангезиш додани ҷомеъа муттаҳам кардааст.





Дар ҳамин ҳол марҳалаи навбатии нишастҳои хабарӣ дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон оғоз шудааст. Ин нишастҳо бар асоси як дастури президент Эмомалӣ Раҳмон аз баҳори соли 2005 ба манзури дастрасии хабарнигорон ба манобеъи расмии иттилоот ва бозтоби фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ дар ҳар се моҳ баргузор мешавад.

Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Маҳмудҷон Дадобоев дар 51-солагӣ даргузашт

Маҳмудҷон Дадобоев

Маҳмудҷон Дадобоев, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, рӯзи 29-уми октябр дар 51-солагӣ даргузашт. Сабаби расмии марги ӯ ҳанӯз эълон нашудааст, вале чанде аз дӯстонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ иллати фавти ӯро ба бемории ҳамагир рабт доданд. Маҳмудҷон Дадобоев моҳи ноябри соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Аз охири солҳои 90-ум то 2003 мудири ширкати телевизион ва радиои Симои мустақили якум ва як муддат сардабири нашрияи "Суғд" буд. Ҳамчун мудири кулли ширкати телевизионии "Ҷаҳоноро" ва намояндаи Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар вилояти Суғд кор кардааст. Сухангӯи шаҳрдори Хуҷанд низ буд, вале соли 2017 аз ин мақом бо хоҳиши худ канор рафт. Солҳои ахир дар давраҳои омӯзишӣ ба хабарнигорон шеваҳои нави бозтоби мавзуъҳоро дарс медод. Илҳоми Ҷамолиён, раиси дафтари Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон дар Суғд шоми 29-уми октябр дар Фейсбук навишт, "ӯ аз ҷумлаи пешоҳангони рушди расонаҳои мустақил, бахусус расонаҳои электронии мустақили Тоҷикистон ва аз ҷумлаи ТОП-менеҷерони муваффақе ба шумор мерафт ва дар ин самт соҳибмактаб буд." Дар оғози моҳи октябри имсол хабарнигори дигари шинохта Мавлуда Рофиева дар 56-солагӣ даргузашт. Ӯ пештар бо нишонаҳои "илтиҳоби шуш" дар шифохонаи вилоятии Суғд бистарӣ шуда буд.

ИМА дар Аврупо мушакҳои миёна ва дурпарвоз ҷойгир мекунад

Мушовири президенти Амрико дар умури амнияти миллӣ Роберт О'Брайен

ИМА омодааст, дар сурати зарурӣ барои боз доштани Русия дар Аврупо мушакҳои мофавқи садоии кутоҳ ва дурпарвозро ҷойгир кунад. Дар ин бора мушовири президенти Амрико дар умури амнияти миллӣ Роберт О'Брайен иттилоъ дод. Тавре "Садои Амрико" гузориш медиҳад, О'Брайен афзуда, ки ИМА омодааст, барои боз доштани Чин дар минтақаи Уқёнуси Орому Ҳинд низ ин гуна иқдомро рӯи даст гирад. Пештар Пентагон хабар дод, ки ИМА мушакҳои мофавқи садоии болдорро коркард дорад, ки тавассути ҳавопаймоҳои нерӯҳои дарёии ин кишвар метавонанд партоб шаванд. Интизор меравад, мушакҳои мазкур то охири соли 2028 сохта шаванд. Чанде пеш президент Владимир Путин гуфт, Русия омодааст, аз ҷойгиркунии мушакҳои 9М729 дар қисми аврупоияш худдорӣ кунад. Ба гуфтаи Вашингтон, хусусияти мушаки мазкур талаботи созишномаи ИМА ва Русия дар бораи мушакҳои кутоҳу дурпарвозро нақз мекунад. Ду кишвар соли 1987 созиш карда буданд, ки муҷтамаъҳои мушаки кутоҳу миёнапарвози худро маҳв хоҳанд кард ва мушаки 9М729 сабаби асосии бурунрафти Амрико аз созишнома шуд..

Додгоҳи Нурсултон ду касро барои "тазоҳуроти ғайриқонунӣ" ҳабс кард

Эътирози фаъоли маданӣ Аскар Каирбек зидди нуфузи Чин дар Қазоқистон, Нурсултон, 18 августи соли 2019

Додгоҳе дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон 28 октябр фаъоли маданӣ Аскар Каирбек 15 рӯз ва модари серфарзанд Фирӯза Ордабековаро 10 рӯз ҳабси маъмурӣ кард. Ин ҳар ду дар даъват ба "тазоҳуроти ғайриқонунӣ" айбдор шуданд. Маъмурони пулиси пойтахти Қазоқистон 27 декабр манзили зисти Каирбекро бозҷӯӣ карда, ӯро бо худ ба шуъба бурданд. Ба огаҳии додгоҳи Нурсултон, Каирбек дар нақзи "тартиби ташкили ҷамъомадҳои осоишта" айбдор дониста шуд.

Каирбеки 43-сола борҳо зидди қарорҳои сиёсии ҳукумати Қазоқистон баромад ва озодии маҳбусони сиёсиро талаб карда буд. Ӯ моҳи январ бо ҷурми "итоат накардан ба пулис" 5 рӯз ҳабс шуда буд.

Фирӯза Ордабековаро кормандони пулис шаби 27 октябр бо гумони "даъват ба тазоҳуроти ғайриқонунӣ" тавассути паёмакрасони WhatsApp, боздошт карданд ва додгоҳи Нурсултон вайро 10 рӯз ҳабс намуд. Ордабекова 23 сентябри соли равон ҳам бо гумони "майдаавбошӣ" панҷ рӯз ҳабс шуда буд.

Ҳомиёни ҳуқуқ Бақидҷон Торегожин ва Галим Агелеуов тасмим доранд, 31 октябр бо талаби ислоҳоти сиёсӣ ва қатъи таъқибҳои сиёсӣ дар шаҳри Алмато тазоҳурот баргузор кунанд. Ҳарчанд мақомоти Алмато ба баргузории он аллакай иҷозат додаанд, вале ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар арафаи ин тазоҳурот фишор ба фаъолони маданӣ афзоиш ёфтааст.

Роҳи ҳавоии Душанбе-Тошканд то соли оянда боз намешавад

Манзарае аз фурудгоҳи байнулмилалии Тошканд

Мақомоти расмии Тоҷикистону Узбекистон ҳанӯз санаи дақиқи барқарории парвозҳо байни Тошканду Душанберо муайян накардаанд. Миёнаи моҳи октябр ҷонибҳо барқарории парвозҳоро аз 1 ноябр баррасӣ карда буданд, аммо баъдтар ин сана ба 1 декабр кӯчид. Ҳоло санаи нав - аз 1 январи соли 2021 - мавриди баррасӣ аст. Расонаҳо менависанд, ноустувории вазъи беҳдоштии ду кишвар ба далели паҳншавии вабои коронавирус имкон намедиҳад, ки дар мавриди барқарории парвозҳо тасмими қатъӣ қабул шавад. Дар ҳамин ҳол, Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон ба барқарории парвозҳо бо Тошканд иҷозат додааст, аммо санаи парвози нахустин ҳамоно норушан аст. Парвозҳо байни Узбекистон ва Тоҷикистон 16 марти соли ҷорӣ дар робита ба вабои коронавирус қатъ шуданд.

Президенти Туркия маҷаллаи "Charlie Hebdo"-ро ба додгоҳ кашид

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон зидди маҷаллаи фаронсавии "Charlie Hebdo" барои нашри карикатураи худ ба яке аз додгоҳҳои кишвараш шикоят бурдааст.

Ба навиштаи хабаргузории “Анадолу”, вакили дифои Эрдуғон гуфтааст, маводи маҷалла туҳмат буда, ҷавобгарии ҷиноӣ дорад ва ба озодии баён марбут нест”. Ба ҷуз ин, Додситонҳои турк бо банди таҳқири президент парванда боз кардаанд.

Charlie Hebdo карикатураи Эрдуғонро рӯзи чоршанбе нашр кард. Президенти Туркия дар он қадаҳе дар даст рӯи курсие нишаста, домани бонуи ҳиҷобпӯшеро боло мекунад ва мегӯяд, "Оҳ паёмбар!". Дар шарҳи карикатура навишта шудааст, "Эрдуғон дар ҳаёти шахсия ишвагар аст".

Маводи "Charlie Hebdo" дар пасманзари сард шудани муносибатҳои Анқара ва Порис баъди куштори омӯзгор Самюэл Патӣ нашр шуд. Ин омӯзгор ҳангоми баррасии масъалаи озодии баён дар дарс карикатураҳои паёмбар Муҳаммадро нашр кард ва 16 октябр кушта шуд.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон куштори омӯзгорро "ҳамлаи террористии исломӣ" номид ва гуфт, Ислом дар вазъи буҳронӣ қарор дорад. Ин гуфтаҳои ӯ нигарониҳоеро дар кишварҳои мусулмоннишин ба бор оварда, Эрдуғон вайро "бемори равонӣ" номид. Дар натиҷа Порис сафири худро аз Анқара бозхонд кард.

Бародари домоди Мирзиёв дар ВКД Узбекистон мақоми нав гирифт

Улуғбек Турсунов дар ҷаласаи ВКД Узбекистон

Улуғбек Турсунов, сарҳанги 53-сола муовини сардори Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири вазорати корҳои дохилии Узбекистон таъйин шуд. Улуғбек Турсунов бародари Ойбек Турсунов, домоди калонии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аст. Рӯзноманигорон менависанд, номи Турсунов дар садҳо ҷанҷоли марбут ба ситонидани хонаҳои сокинон бо баҳонаи "таъсиси фоҳишахона" зикр шудааст. Сомонаи AsiaTerra навиштааст, Турсунов дар ғасби тиҷоратҳо, қитъаҳои замин ва фишор овардан ба тоҷирон даст дорад.

Фаронса, Олмон, Ҳинд ва кишварҳои дигар карантини нав эълон карданд

Эълони маҳдудиятҳои нав барои коҳиши гирифторӣ ба COVID-19 дар Фаронса

Дар Фаронса аз 29 октябр гирифта, тарабхона, бар, қаҳвахона ва дигар муассисаҳои тиҷоратӣ баста буда, ҳукумат барои пешгирӣ аз сирояти бештари коронавируси нав маҳдудиятҳои саросарии гаштугузор ва фаъолиятҳои иқтисодиро эълон кард. Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса рӯзи 28-уми октябр гуфт, ки эълони маҳдудиятҳо зарур буд, чун шифохонаҳои кишвар зери фишори фавқулодае мондаанд. Рӯзона дар Фаронса даҳҳо ҳазор нафар ба СОVID-19 мубтало мешаванд. Ба қавли Макрон, “мавҷи нави сирояти коронавирус, ки зоҳиран аз мавҷи аввалаш мушкилу маргбортар мешавад”, кишварашро ба қавле “зӯр овардааст.” Чанд соат пештар аз изҳороти раиси ҷумҳури Фаронса, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон низ эълон кард, аз рӯзи 2-уми ноябр дар кишвараш дигарбора гаштугузор ва фаъолиятҳои иқтисодӣ маҳдуд мешавад. Дар Олмон баъди он рӯз тамоми бару ресторан, марказҳои тафреҳӣ толорҳои консертӣ, театрҳо ва варзишгоҳҳоро барои чаҳор ҳафта мебанданд. Мағозаҳо боз ҳастанд, вале бояд бо меъёрҳои сахти беҳдоштӣ ва риояти фосилагирии ҷисмонӣ кор кунанд. Баъди ин хабар қимати саҳҳом дар бозорҳои молии Аврупо ва Амрико 3 дар сад коҳиш ёфт. Амрико гуфт, ки рӯзи 28-уми октябр 73 ҳазор мавриди нави сирояти коронавируси навро сабт кардааст ва тақрибан 1000 нафари дигар аз ин беморӣ талаф ёфтаанд. Дар Ҳинд ба гуфтаи мақомот теъдоди умумии гирифторон то рӯзи 29-уми октябр аз 8 миллион нафар гузаштааст.

Ҳиндустон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 1 миллиард доллар кумак мекунад

Муколамаи Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, 28 октябри соли 2020

Дар дидори онлайнӣ ё бархатти Гуфтугӯи Ҳинд ва Осиёи Марказӣ, ки рӯзи 28 октябр баргузор гашт, масъалаҳои амниятӣ ва сиёсӣ баррасӣ шуда, Ҳиндустон барои рушди тарҳҳои бартариятдори энержӣ, дурпайвандӣ, маориф, тандурустӣ, фанновариҳои иттилоотӣ ва кишоварзӣ дар кишварҳои минтақа 1 миллиард доллар қарзи боимтиёз ваъда кард. Дар ин нишаст гуфта шуд, ки ширкаткунандагони он барои маҳви зербиноҳо, паноҳгоҳ ва сармоягузории терроризм ҳамкорӣ хоҳанд кард ва нахоҳанд гузошт, ки қаламрави яке аз ин давлатҳо барои ҳамлаи террористӣ ба кишвари дигар истифода шавад. Дар ҳамоиш вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон ва афғонистон ширкат карданд. Ҳиндустон солҳост, талош дорад, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойгоҳ ва нуфузи муҳимтарерор соҳиб шавад. Ин дар ҳолест, ки Русия, Чин, ИМА, ИА ва ҳамчунин Туркия, Эрон, Покистон ба анозаҳои гуногун дар минтақа нуфуз доранд.

Шумораи қурбониёни СОVID-19 дар Тоҷикистон ба 82 тан расид

Яке аз бемористонҳои Тоҷикистон.

Вазорати тандурустӣ аз фавти боз як шаҳрванди Тоҷикистон аз бемории СOVID-19 хабар медиҳад. Шумораи умумии қурбониёни аз ин беморӣ аз 30-уми апрел то ба 28-уми октябр расман ба 82 нафар расид.

Ба гуфтаи вазорат, дар шабонарӯзи охир дар кишвар гирифторшавии 40 нафари дигар ба ин беморӣ ошкор шуд ва дар маҷмӯъ шумораи гирифторон дар мамлакат ба 10900 нафаранд.

Ҳамзамон, дар 24 соати охир 61 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10070 (92,4%) расид.

Коршиносони мустақил ба омори расмӣ дар мавриди маргу мир аз КОВИД-19 ва ҳам сироятёбӣ ба короновирус дар Тоҷикистон бо чашми шубҳа менигаранд ва мегӯянд, эҳтимол шуморАи фавтидагон ва сироятёфтагон ба беморӣ ба маротиб аз омори расмӣ бештар бошад.

Рӯзи ҷумъа аз Русия ба Тоҷикистон 6 парвози чартерӣ сурат мегирад

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.

Фардо, 30-уми октябр аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон шаш парвози чартерӣ анҷом дода мешавад. Бинобар рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати корҳои хориҷӣ, 30-уми октябр аз шаҳри Маскав се парвоз ба самти Душанбе ва ҳамчунон як парвози аз шаҳрҳои Санкт-Петербург, Екатеринбург ва Уфа ба Душанбе анҷом дода мешавад.

Мувофиқи ин ҷадвал ҳамчунон рӯзи 31-уми октбяр ҳам се парвоз аз Макскав ва ҳамчунон як парвози дигар аз Красноярск ба Душанбе сурат мегирад. Тибқи ин ҷадвал парвозҳои чартерӣ то 31-уми октябр муайян шудаанд, аммо то ҳанӯз масъалаи аз сар гирифтани парвозҳои маъмулӣ миёни Тоҷикистон ва Русия маълум нест.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, Тоҷикистон ҳанӯз моҳи июл омодагии худро ҷиҳати барқарор кардани паврвозҳои маъмулӣ ба мақомоти Русия изҳор дошта буд. "Дар сурати омода шудани Русия, Тоҷикистон омода аст парвозҳоро барқарор кунад, вале ин ба вазъи эпидемиологӣ дар Русия ва тасмими мақомоти ин кишвар вобаста аст",-гуфтанд дар сафорат.

Парвозҳои маъмулӣ миёни Тоҷикистон ва Русия аз 20-ум март инҷониб бинобар пандемияи короновирус қатъ шудаанд. Ба иттилои мақомот, дар ин давра тавассути парвозҳои чартерӣ ҳудуди 70 ҳазор шаҳрвандон аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Озарбойҷон ва Арманистон аз талафоти якдигар дар ҷанги Қарабоғ хабар доданд

Қарабоғи Кӯҳӣ, 28 октябр, 2020.

Дар минтақаи низоъ дар ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Куҳӣ задухурдҳои мусаллаҳона идома доранд.

Дар як рӯзи охир дар хати даргирӣ дар ин минтақа, ба иттилои Додситонии кулли Озарбойҷон, наздики 70 сокини осоишта кушта ва бештар аз 700 кас маҷруҳ шудааст. Тафтиши дурустии ин иттилоъ ғайримумкин аст. Арманистон ҳам дар бораи талафоти ҷонӣ дар қаламрави худ хабар медиҳад.

Боку дар тирборони чанд минтақа, аз ҷумла шаҳрҳои Тертер ва Бардӣ Ереванро айбдор кард. Ба иттилои вазорати мудофиаи Озарбойҷон, дар ин шаҳрҳо 19 кас, аз ҷумла чанд кӯдак кушта ва 60 каси дигар маҷруҳ шудааст.

Ереван дар навбати худ мегӯяд, Қарабоғ бо силоҳи реактивии "Смерч" тирборон шудааст. Дар Шушӣ ҳадди ақал як сокини осоишта кушта ва ду тан маҷруҳ шудааст. Артиши Арманистон гуфт, дар як моҳи даргириҳо бештар аз 1000 низомиаш кушта шудааст.

Вазъ дар Қарабоғи Куҳӣ субҳи 27 сентябр якбора ба таниш печид. Дар ин минтақа амалиёти низомӣ шуруъ шуд. Дар Арманистону Озарбойҷон вазъи низомӣ эълом гардид. Ҳар ду кишвар аз талафоти ҷонӣ ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандонашон хабар медиҳанд ва ҳамдигарро дар ташдиди вазъ айбдор мекунанд.

Низои Озарбойҷону Арманистон бар сари Қабароғи Куҳӣ аз охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад. Минтақаи мазкур, ки бештари бошандагонаш арманӣ ҳастанд, дар соли 1991 эълом кард, ки аз Озарбойҷон ҷудо ва мустақил мешавад. Аммо ҳеч кадом давлати дунё ин минтақаро эътироф накард.

Дар Қазоқистон барои муроҷиати мустақим ба вакилон вебсайт таъсис доданд

Порлумони Қазоқистон.

Дар Қазоқистон сомонаи Salemdeputat.kz таъсис шуд, ки тавассути он ба шаҳрвандон имкон медиҳанд, мустақиман бо вакилон гуфтугӯ кунанд.

Тавассути ин сомона сокинон ҳам ба вакилони порлумони кишварашон ва ҳам ба вакилони маҳаллӣ метавонанд, муроҷиат кунанд.

Барои мисол, шаҳрвандон метавонанд, дар бораи буҷаи кишвар, шаҳр, ноҳия ва деҳаи худ пурсанд.

"Ҳадафи тарҳ барқарор кардани робитаи мустақим байни интихобкунанда ва вакилон, ҳамчунин боло бурдани фаъолиятнокии интихоботкунандагон дар мавриди буҷаи давлатӣ аст. Бино ба мушоҳидаи мо, дар ин раванд андозсупорандагон, ки аз ҳисоби онҳо буҷаи кишвар пур мешавад, чандтон таваҷҷуҳ надоранд. Аз ҳамин хотир мо ёдрас мекунем, ки буҷаи давлат бояд бо назардошти фикри андозсупорандагон ҷамъ ва тақсим шавад. Вакилон бояд дар ҷараён бошанд, ки кадом масъалаҳо сокинонро ба ташвиш меоранд ва дар ҷаласаҳои худ ба баррасӣ гиранд", - гуфт яке аз созмондиҳандагони сомона Галимҷон Оразимбет.

Ташаббускорон аз вакилони порлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ дархост кардаанд, ки суроғаҳои электрониашонро дар ихтиёри созмондиҳандагони сомона гузоранд.

Гуфта мешавад, 70 дарсади вакилон посухи мусбат доданд.

Қирғизистон аз созмонҳои байналхалқӣ дархости кӯмак кард

Руслан Казакбаев, вазири умури хориҷии Қирғизистон.

Қирғизистон бо кишварҳои шарик, созмонҳои байналхалқӣ гуфтугӯ дорад ва аз онҳо дархости кӯмак мекунад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии он кишвар Руслан Казакбоев хабар дод.

Ба гуфтаи вай, кӯмак барои мубориза бо мавҷи дувуми коронавирус, баргузории интихоботи порлумонӣ ва президентӣ, ислоҳоти конститутсионӣ ва муҳимтар аз ҳар чизи дигар, барои пӯшонидани камомади буҷаи давлатӣ пурсида мешавад.

Казакбоев гуфт, ҳеҷ кадом созмони байналхалқӣ дар бораи манъ кардани кӯмак ба Қирғизистон санади расмӣ ирсол накардааст. Вай афзуд, ки созмонҳои байналхалқӣ ҳаводиси Қирғизистонро назорат доранд. "Айни замон ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таваҷҷуҳи хос ҳаводиси ахири кишвари моро назорат дорад. Суолҳои зиёде пурсида мешавад, мо ба онҳо посух медиҳем", - гуфт Казакбоев.

Вай илова кард, ки бо Русия, Чин, Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Туркия, ИМА ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо гуфтугӯҳо идома доранд.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон пештар хабар дод, ки аз Иттиҳоди Аврупо барои пӯшонидани камомади буҷа кӯмак дархост кардаанд. Вазорати молияи он кишвар низ хабар дод, ки 100 млн доллари ваъдагии Русияро мунтазиранд.

Дар Узбекистон тасмим доранд, бархе аз васоили тиббиро ройгон тақсим кунанд

Яке аз бемористонҳои Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар Узбекистон дастгоҳҳои набзсанҷ ва консентраторҳои оксигенро барои истифодаи муваққатӣ дар хона ба таври ройгон ба гирифторони коронавирус дода мешаванд.

Комиссияи ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Узбекистон пешниҳоди тақсими ин дастгоҳҳоро қабул кард. Ҳамакнун дастгоҳҳои изофии беморхонаҳо ба хонаҳои сокинон бурда мешаванд.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дастгоҳҳои набзсанҷ ва консентраторҳои оксиген ба касоне дода мешаванд, ки аз коронавирус табобат гирифта, вале ба барқароршавӣ дар шароити хона ниёз доранд.

Вазорати тандурустии Узбекистон то ин замон тартиби тақсими дасгоҳҳоро эълом накардааст.

Путин аз муҷозоти қонунии онҳое пуштибонӣ кард, ки СССР ва Олмони фашистиро муқоиса мекунанд

22 октябр. Президенти Русия Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин аз ташаббусе ҷонибдорӣ кард, ки бар асоси қонун тадбирҳои муқоисакунандаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва режими нозии Олмон манъ карда мешаванд. Қаблан узви кумитаи фарҳанги Думаи давлатӣ Елена Ямполская пешниҳод кард, ки дар қонун барои чунин амалҳо муҷозот ворид шавад. Ямполская дар як ҷаласаи шӯрои фарҳангу ҳунари парлумон гуфт, ки дар миёни ҷавонони Русия китобҳое маъруф мешаванд, ки дар онҳо амалкарди сарбозони Артиши Сурх ва Олмони фашистӣ ба ҳам монанд карда мешаванд. Ӯ гуфт, “агар ақл, виҷдон ва парҳезкории муҳаррирон дар чопхонаҳои мо ба ин нарасад, ки чунин навиштаҳоро ҳазф кунанд, ба онҳо бояд аз роҳи қонун кӯмак кунем. Ба назарам, мо ҳақи маънавии инро дорем, ки вақте сухан аз сиёҳ кардани таърихи мо меравад, қонунро шадидтар бикунем”. Ямполская гуфт, ки тарҳи қонунеро дар ин замина омода хоҳад кард.

Путин бо ташаббуси Ямполская розӣ шуд. “Бояд хеле боэҳтиёт буд, аммо қабул кард, - гуфт Путин. – Агар дар бархе кишварҳо барои рад кардани наслкушии арманиҳо муҷозоти ҷиноӣ пешбинӣ шудааст, худо ба мо иҷоза медиҳад, ки шояд бархе тадбирҳои ҳимоят аз таърихи начандон дури худро ба роҳ андозем”. Путин борҳо дар бораи “бознависӣ шудани таърих” ва талошҳои таҳрифи ҳақиқати Ҷанги дуюми ҷаҳон сӯҳбатҳо кардааст. Моҳи сентябр дар як дарси кушоде, ки Путин барои мактаббачаҳо баргузор кард, мавзӯъ 75-умин солгарди ғалаба буд. Дар он сӯҳбаташ Путин нафаронеро, ки ба гуфтааш, “барои бознависӣ кардани таърих розӣ мешаванд”, “ҳамкорони замонавии” фашистон номида буд. Путин гуфт, ки мавзӯи ғалаба дар ҷанг имрӯз ҳам муҳим аст, чунки, ба қавлаш, бархе худро дар ҷанги сард пирӯз меноманд ва дар талоши “тағйир додани низоми баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон эҷодшуда” мебошанд.

Соли гузашта вақте Парлумони Аврупо гуфт, ки масъулияти оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон бояд баробар ба дӯши ҳам Олмони фашистӣ ва ҳам СССР вогузор шавад, чун дар остонаи ҷанг созиши Молотов ва Ребентроп пайдо шуд, Путин инро низ талоши бознависии таърих номид.

Оғози соли ҷорӣ Путин бо Полша ба як мубоҳисаи ғоибона дар мавзӯи нақши СССР дар ҳамла ба ин кишвар пардохт ва дар матлаби англисии маҷаллаи National Interest Полшаро дар шурӯи Ҷанги дуюми ҷаҳон гунаҳгор кард. Ӯ аз созиши Молотову Ребентроп ба унвони санаде ҳимоят кард, ки ба СССР имкон дод ба ҷанг бо Олмон омода шавад. Вале изҳориназарҳои Путин дар Полшаву кишварҳои назди Балтика интиқоди зиёд ба бор овард.

Дар охирин иқдомаш ҳукумати Русия ба Конситутсияи кишвар тағйироте ворид кард, ки мегӯяд, “давлат бояд ҳақиқати таърихиро ҳимоят кунад”.

СММ тасдиқ кард, ки Эрон дар назди Натанз корхонаи нави ҳастаӣ месозад

Сарбози эронӣ аз дохили корхораи Натанз гардиш мекунад

СММ тасдиқ кард, ки Эрон дар назди Натанз корхонаи нави ҳастаӣ месозадОҷонсии байналмилалии нирӯи атомӣ (IAEA) – як бахши СММ гуфт, ки Эрон дар наздикиҳои Натанз ба сохтмони як корхонаи зеризаминии ҳастаӣ шурӯъ кардааст. Дабири кулли ин оҷонсӣ Рафаэл Гроссӣ дар як мусоҳибааш дар Берлин рӯзи 28-уми октябр гуфт, ки зоҳиран ин корхона ивазкунандаи ҷои корхонае мешавад, ки моҳи июли имсол таркид. Теҳрон ин ҳодисаро як ҳамлаи харобкорона номид. Ӯ гуфт, “онҳо сохтмонро шурӯъ карданд, вале ҳанӯз ба анҷом нарасидааст”. Гросси гуфт, ки “ин як ҷараёни тӯлонӣ аст”. Дар аксҳои маҳвораие, ки Оҷонсии атомии СММ нашр кард, шаҳодати сохтмон дида мешавад. Гросси инчунин гуфт, ки Эрон захираҳои калони уран бо ғанисозии камро ҳам омода мекунад, ки ба гуфтааш, зоҳиран, барои истеҳсоли силоҳи ҳастаӣ кифоят намекунад. Раиси барномаи атомии Эрон Алӣ Акбари Солеҳӣ моҳи гузашта дар телевизиони давлатӣ гуфт, ки корхонаи харобшуда бо корхонаи наве табдил мешавад, ки “дар дили кӯҳҳои атрофи Натанз” бунёд мешавад. Гросси гуфт, ки Эрон дар ин бора нозирони СММ-ро огоҳ кард ва бо вуҷуди шикаст ёфтани созиши ҳастаии соли 2015, нозирон ба маконҳои ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ дастрасӣ доранд. Эрон ҳамеша таъкид кардааст, ки дар андешаи эҷоди силоҳи ҳастаӣ намебошад.

Вазири хориҷаи Русия бо сабаби  COVID-19 аз сафари Балкан худдорӣ кард

Юнон, 26-уми октябр. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров баъди он ки бо нафари олудашуда бо COVID-19 дар тамос шуд, сафари худ ба минтақаи Балканро бекор кард. Дар изҳороти вазорати хориҷа рӯзи 27-уми октябр гуфта шуд, ки дипломати 70-сола “худро хуб ҳис мекунад”, вале ба хотири эҳтиёткорӣ сафари худро ба мӯҳлати дигар паспарто мекунад. Қарор буд Лавров рӯзҳои 28 ва 29-уми октябр дар кишвари Боснияву Ҳерсоговина бошад. Дар Белград ӯ ният дошт бо президенти Сербия Александр Вучич дидору гуфтугӯ кунад. Лавров рӯзи 26-уми октябр аз Атен баргашт, он ҷо ӯ бо нахуствазири Юнон Кириякос Митсотакис, вазири хориҷа Никос Дендиас ва ҳам раҳбари эътилофи мухолифон Алексис Тсипрас дидору гуфтугӯ кард. Русия аз назари шумори олудашудаҳо ба коронавирус дар ҷои чорум дар ҷаҳон аст ва то ҳол мақомот олудагии 1 миллиону 540 ҳазор нафар ва марги 26 ҳазор тани дигарро тасдиқ кардаанд. Дар шароити афзоиши олудагиҳои рӯзҳои охир, мақомоти Русия рӯзи 27-уми октябр маҳдудиятҳоро сахттар карда аз аҳолӣ тақозо карданд, ки дар ҳама маконҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла нақлиёт, такси ва лифтҳо бо ниқоб бигарданд.

Раиси маҷлиси Эрон ба коронавирус гирифтор шуд

Муҳаммад Боқир Қолибоф, раиси маҷлиси Эрон

Раиси маҷлиси Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф ба коронавируси нав гирифтор шуда, бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ба муолиҷа пардохт. Ӯ рӯзи 28-уми октябр дар саҳифаи худ дар Твиттер хабар дод, ки корро дар шароити карантин аз хона идома медиҳад. Дар Ховари Миёна Эрон кишварест, ки бештар аз ҳар давлати дигар аз назари олудагӣ ба коронавирус осеб дидааст. Омори расмӣ мегӯяд, ки дар ин кишвар 580 ҳазор нафар ба вируси нав олуда шуда, 33 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд. Рӯзи 28-уми октябр дар Эрон шумори рекордии сокинон, яъне 415 нафар аз коронавирус ҷон доданд ва рӯзе аз ин пеш талафот 346 нафар буд ва он ҳам то он вақт рекорд ба шумор мерафт. Мисли бисёр кишварҳои дигар Эрон ҳам бо афзоиши ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус рӯбарӯ шуда, дар чандин шаҳр тадбирҳои наву сахттари маҳдудкунанда ҷорӣ намуд. Нисфи кормандон дар Теҳрон амр дода шуданд, ки корро аз хона идома диҳанд.

Тадбирҳои шадидтари зидди коронавирус дар Аврупо

Испания, ҳамсарони кӯҳансол бо ниқоб дар рӯй аз хиёбоне гузар мекунанд

Фаронсаву Олмон дар андешаи шадидтар кардани тадбирҳои зидди коронавирус шуданд, дар ҳоле, ки дар ИМА омори гирифторшавиҳои нав мисли гузашта баланд боқӣ мемонад. Беморхонаву муассисаҳои кӯмаки изтирорӣ дар саросари Аврупо аз беморон пур шудаанд ва омор аз афзоиши бамаротиб бештар назар ба моҳҳои марту апрел, ки он замон карантини сартосарӣ то андозае суръати паҳншавии вирусро кам карда буд, рӯбарӯ шудаанд. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон рӯзи 16-уми июл дар ҷаласае бо ширкати раҳбарони 16 минтақаи кишвар масъалаи шадидтар кардани тадбирҳои зидди коронавирусро баррасӣ мекунад. Дар миёни муассисаҳое, ки баста мешаванд, тарабхонаву бар, осорхонаҳо мебошанд ва ҳам баргузории чорабиниҳо мамнӯъ хоҳад шуд. Итолиёву Испания аллакай чораҳои маҳдудкунандаро ҷорӣ карда, дар Фаронса дар андешаи ҷорӣ кардани чунин тадбирҳо ҳастанд. Дар Русия, ки аз назари омор чорумин кишвари осебдида аз коронавирус ба шумор меравад, мақомот доштани ниқоби тиббиро дар ҳама маконҳои ҷамъиятиву серодами мисли нақлиёт, такси, лифт ва дигар ҷойҳо ҳатмӣ карданд. Ин ҷо то ҳол 1 миллиону 540 ҳазор нафар бо коронавирус ба қайд гирифта шудаанд ва марги 26 ҳазор нафар аз ин беморӣ тасдиқ шудааст. Дар ИМА дар 47 аёлат ҳамарӯза афзоиши ҳодисаҳои нави олудашавӣ ва дар 34 аёлат афзоиши талафот аз COVID-19 гузориш мешавад.

Трампу Байден дар талоши ба даст овардани дили мардум ба иёлоти мухталиф сафар карданд

Мавзӯи интихоботи 3-юми ноябр барои матбуоти маҳаллӣ ҳам рақами як аст

Трамп, ки соли 2016 дар се аёлат - Мичиган, Висконсин ва Небраска баранда шуда буд, ин навбат ҳам ба хотири дастёбӣ ба дили ин мардум рӯзи 27-уми октябр ба мулоқоти онҳо рафт. Ӯ дар мулоқотҳои худ бештар аз вазъи истеҳсолот ва ҳам кишоварзӣ сӯҳбат кард, чун дар ин қисмати Амрико аз масоили калидӣ ба шумор мераванд. Трамп хитоб ба сокинони Мичиган гуфт, ки “интихоботи рӯзи 3-юми ноябр масъалаи наҷоти иқтисод аст”. Ин аёлат бо саноати мошинбарориаш маъруф аст. Ӯ иддао кард, ки Байден сиёсатҳои барои саноат харобиоварро тарафдорӣ мекунад, дар ҳоле, ки худи ӯ пеш аз пандемия ба як иқтисоди шукуфо даст ёфта буд. Пурсишҳои афкори умум ҳокӣ аз он аст, ки маҳбубияти Трамп аз Байден камтар мебошад. Байден дар аёлати Ҷорҷиа маъракаи таблиғотиашро барпо кард, ки соли 2016 дар он Трамп пирӯз шуда буд. Дар Ҷорҷиа аз соли 1992 ҳеҷ гоҳ демократҳо пирӯз нашудаанд, вале пурсишҳои афкори умум мегӯяд, ки ин навбат демократҳо шонси ба даст овардани раъйи ин мардумро доранд. Байден ваъда дод, ки дар сурати пирӯзиаш тавре барои ҷонибдорон талош кардааст, ҳамонгуна барои дигарҳо ҳам заҳмат хоҳад кашид.

Президенти пешини Қирғизистонро ба зиндон бурданд

Алмозбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон.

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро, ки 11 сол аз озодӣ маҳрум шудааст, ба зиндони рақами №47 интиқол доданд. Ӯ то ҳол дар яке аз боздоштгоҳҳои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон нигаҳдорӣ мешуд.

Чанде пеш вакили дифои ӯ Замира Жоошева хабар дод, ки Отамбоев дар боздоштгоҳ гуруснашинӣ эълом кард. Ба гуфтаи вай, президенти пешинро дар таҳхонаи боздоштгоҳ - ҷое ки пештар маҳкумшудаҳо ба қатлро нигаҳ медоштанд - нигаҳдорӣ мекунанд. Вакили мудофеъ гуфта буд, он макон шароити бад дорад ва сиҳатии Отамбоев нохуб шудааст.

Вале Хадамоти иҷрои ҷазои ҷиноии Қирғизистон гуфт, ки Отамбоев дар асоси қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ба боздоштгоҳ интиқол ёфтааст ва шароити макони нигаҳдории президенти пешин мувофиқ ба талабот аст.

Рӯзҳои 7-8 августи соли гузашта дар деҳаи Кой-Тош "амалиёти иҷборан эҳзор кардани президенти пешини Қирғизистон ба бозпурсӣ" баргузор шуда, дар натиҷаи задухӯрди нерӯҳои пулис бо ҷонибдорони Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон даҳҳо кас осеб диданд. Аз ҷумла, як афсари Кумитаи амнияти ин кишвар ҷон бохт.

Отамбоев дар солҳои 2011 то 2017 президенти Қирғизистон буд. Моҳи июли соли ҷорӣ ӯро бо айби фасодкорӣ 11 сол зиндонӣ карданд. Шаби 6 октябр дар натиҷаи эътирозҳои оммавӣ Отамбоев аз маҳбаси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ озод шуд. Баъди чанд рӯз ӯро дубора боздошт карданд.

Дар Қирғизистон мехоҳанд, раиси порлумонро ба истеъфо фиристанд

Канатбек Исоев, раиси порлумони Қирғизистон.

Вакилони порлумони Қирғизистон мехоҳанд, ба раиси порлумони ин кишвар Канатбек Исоев изҳори нобоварӣ баён кунанд. Дар ин бора намояндаи ҷиноҳи порлумонии "Ота Макон" Сайдулло Нишанов хабар дод.

Ба гуфтаи Нишанов, аз ӯ хостаанд, ки санадеро дар ин замина имзо гузорад. "Аз ташаббуси мазкур ҷонибдорӣ накардам. Рӯйхатро ҳам надидам. Вале мегӯянд, барои изҳори нобоварӣ ба раиси порлумон аллакай наздики 80 имзо ҷамъ шудааст. Ҷамъоварии имзо ташаббуси кӣ аст, намедонам. Агар онро ҳизб, ҷиноҳ ё эътилофи аксарият мекард, ҳатман ошкоро сурат мегирифт. Намедонам, довталаби курсии раиси порлумон кӣ аст",-изҳор дошт ӯ.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки интизор меравад, масъалаи изҳори нобоварӣ ба Исоев фардо дар ҷаласаи порлумонӣ матраҳ шавад.

Худи Исоев низ дар ин бора маълумоти дақиқ надорад. Ӯ гуфт, дар бораи ҷамъоварии имзо хабар дорад, вале дақиқ намедонад, ки кадом вакилон имзо гузоштаанд.

Канат Исоев раиси ҳизби "Қирғизистон" буда, 13 октябри соли равон раиси порлумони Қирғизистон интихоб шуд. 78 вакил ба ҷонибдорӣ аз Исоев овоз дода будананд.

Пас аз интихоботи парлумонии 4 октябр неруҳои сиёсӣ ва ҷамъиятии ба натоиҷи он норизо рӯзи 5 октябр дар майдони марказии “Ала-Тоо”-и Бишкек гирдиҳамоии эътирозӣ созмон доданд. Наздикиҳои шом гирдиҳамоӣ ба бархӯрди эътирозгарону мақомоти ҳифзи ҳуқуқ табдил ёфт, шаби 6 октябр бошад, эътирозгарон бинои КДАМ ва “Қасри сафед”-ро, ки парлумон ва дастгоҳи президент онҷост, муҳосира карданд.

Дар натиҷаи ҳукумат, раиси порлумон ва президенти ин кишвар ба истеъфо рафтанд.

Ихтисори кормандон дар бузургтарин корхонаҳои истеҳсоли шакари Узбекистон

Корхонаи истеҳсоли шакар дар Хоразм.

Ду корхонаи бузурги истеҳсоли шакар дар Узбекистон - "Ангрен шакар" ва "Хоразм шакар" ба ихтисори кормандон шуруъ кардаанд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба корхонаҳои мазкур хабар медиҳанд.

То ин замон бештар аз 130 коргар аз ду корхона ихтисор шудааст. Расонаҳо менависанд, интизор меравад, то охири соли ҷорӣ қариб ҳамаи коргарони ду корхона ихтисор хоҳанд шуд. Дар натиҷа мумкин аст, зиёда аз 2 ҳазор одам бе ҷои кор монад.

Ҳар ду ширкат, ки аз найшакари воридотии Бразилия вобастаанд, ба далели нарасидани найшакар ҳанӯз 4 июл истеҳсолро қатъ карда буданд.

Дар ширкатҳои истеҳсоли шакари Узбекистон гуфтаанд, ки бо шакари воридотӣ наметавонанд, рақобат кунанд.

 Арманистону Озарбойҷонро ба оташбасти давомдор даъват карданд

27-уми октябр, шаҳри Мартунии Қаробоғи Кӯҳӣ. Дар натиҷаи тирандозиҳо як рамзи Иттиҳоди Шӯравӣ аз боми биное ба замин уфтод


Талошҳои дипломатӣ барои хатми ҷангҳо дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи кӯҳӣ афзуда ҳарду тараф якдигарро дар нақзи оташбаси бо миёнҷигии ИМА машваратшуда гунаҳгор мекунанд. Котиби давлати ИМА Майк Помпео аз тарафҳо тақозо кард, ки дар талоши пайдо кардани роҳҳали дипломатии ихтилофҳо бошанд. Ба навиштаи Кремлин, президенти Русия Владимир Путин дар як сӯҳбати телефонӣ бо раиси ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи 27-уми октябр дар бораи тамосаш бо раҳбарони Озарбойҷону Арманистон ва зарурати дастёбӣ ба оташбасу роҳ надодан ба тавсеаи хушунатҳо сӯҳбат кард. Баъди шурӯи даргириҳо дар санаи 27-уми сентябр ин дуюмин бор аст, ки Путин ва Эрдуғон телефонӣ вазъи Қаробоғи Кӯҳиро баррасӣ мекунанд. Туркия, як узви НАТО ва шарики Озарбойҷон буда, Русия бо Арманистон узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ мебошанд. Мавзӯи Қаробоғро инчунин дар як сӯҳбати телефонӣ вазирони хориҷаи Русия ва Туркия - Сергей Лавров ва Мавлуд Човушоғлу бо ҳам баррасӣ карданд. Вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки Лавров дар ин сӯҳбат масъалаи ба минтақаи ҷанг интиқол ёфтани зархаридҳоро матраҳ кардааст. Вазорат гуфт, ки ҳарду ҷониб таъкид карданд, ки барои Қаробоғи Кӯҳӣ ба ҷуз сулҳу дипломатия роҳҳали дигаре вуҷуд надорад.

Таъқиби фаъолони Қазоқистон дар арафаи тазоҳуроти 31 октябр

Тазоҳурот ба тарафдороӣ аз зиндониёни сиёсӣ дар Қазоқистон.

Қарор аст, 31 октябр дар шаҳри Алмато тазоҳуроти мухолифони Қазоқистон бо талаби ислоҳоти сиёсӣ ва қатъи таъқибҳо бо ангезаҳои сиёсӣ дар ин кишвар баргузор шавад.

Ин тазоҳурот дар майдони ба номи Чокан Валихонови шаҳр баргузор хоҳад шуд ва мақомот аллакай ба баргузории он иҷозат додаанд.

Вале фаъолони мадании қазоқ шикоят доранд, ки қудратиҳои ин кишвар дар арафаи тазоҳуроти мазкур низ ба таъқиби фаъолони сиёсӣ ва бозҷӯии хонаҳои мухолифон идома медиҳанд.

Фаъоли қазоқ Ракиля Роҳат мегӯяд, баъди бозҷӯии кормандони пулис соҳибхона аз ӯ хостааст, манзили зисти иҷораашро холӣ кунад.

"Ман бояд хонаро холӣ кунам, дар ҳоле ки хонаи дигаре пайдо накардаам. Ба ман гуфтанд, ки имрӯз шуморо дигар дар инҷо набинем", - изҳор дошт ӯ. Пештар Роҳатро барои мавқеъгириҳои шаҳрвандияш аз ҷои кор низ ихроҷ карда буданд.

Фаъоли дигари қазоқ Бибигул Имонгалиева мегӯяд, баъди бозҷӯӣ шудани манзили зисти ӯ раҳбараш аз вай хостааст, ки аризаи аз кор рафтанашро нависад. "Ба корфармо фишор меоранд", - афзуд ӯ.

Ҳомии ҳуқуқ Даниёр Хасенов, ки боздошт ва бозҷӯиҳои ғайриқонуниро дар Қазоқистон пайгирӣ мекунад, гуфт, фишор ба фаъолони маданӣ дар ин кишвар то 31 октябр идома хоҳад ёфт.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG