Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Эрон барои пазириши воқеъиятҳои нав


Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, кишвараш ба ҳеҷ ваҷҳ фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро муттавақиф намекунад. Вай ҳамчунин аз қудратҳои ҷаҳонӣ хост, воқеъияти нави барномаҳои атомии кишварашро бипазиранд. Ин баёнияи Манучеҳри Муттакӣ як рӯз баъд аз он садо дод, ки раиси ҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтааст Эрон акнун қодир ба тавлиди сӯхти ҳастаӣ дар ҳадди санъатӣ шудааст. Дар вокуниш ба ин Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо аз Эрон хостанд, фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро мутаввақиф созанд.
XS
SM
MD
LG