Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон қазияи нопадидшавии шаҳрванди амрикоиро меомӯзад


Вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт,ки мақомоти Теҳрон ваъда додаанд, ки қазияи нопадидшавии як марди амрикоиро дар Эрон таҳқиқ хоҳанд кард. Марди гумномшуда чун маъмури собиқи FBA муаррифӣ мешавад. Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ки Эрон ба дархости Вашингтон посухи мусбат дод ва аз онҳо дархост намуд, ки роҷеъ ба ин шахс ва барномаҳои сафари вай ба Эрон иттилои бештарро дар ихтиёри онҳо гузоранд. Посухе ба ин манзур тавассути сафорати Швейсария дар Теҳрон расидааст. Миёни ИМА ва Эрон равобити дипломатӣ мавҷуд нест ва дар ҳолати зарурӣ ҷонибҳо тавассути сафорати кишвари бетараф - Швейсария тамос мегиранд. Марди гумномшуда чун Роберт Левинсони 59-сола, зодаи ҷанубу шарқи Флорида тавсиф мешавад. Бори охир ин мард дар таърихи 11 март, аз манотиқи бандарии ҷануби Эрон аз худ дарак додааст. Гуфта мешавад, ки вай дар он ҷо барои як филмсози мустақил кор мекард.
XS
SM
MD
LG