Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узви Ҳизбутаҳрир ба нӯҳ сол маҳкум шуд.


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як сокини шаҳри Чкаловро бо ҷурми фаъолият дар ҳизбутаҳрир мутобиқи панҷ банди асноди ҷиноии Тоҷикистон ба муҳлати нӯҳ солу нӯҳ моҳ ба зиндони низоми сахт бо мусодираи амвол маҳкум кард.


Ба гуфтаи Исо Таваккалов - додраси додгоҳи Хуҷанд ва раиси мурофиаи ин парванда, маҳкумшуда Акмал Акбарови сиву яксола аслан зодаи вилояти Хатлон буда, дар авосити солҳои навадуми асри гузашта ҳамроҳи аҳли оилаи худ ба Суғд кӯч бастааст. Ва дар минтақаи шимолии Тоҷикистон дар соли 2002 ба ҳизбутаҳрир пайвастааст. Додрас Таваккалов афзуд : «Маҳкумшуда - Акмал Акбаров қабл аз ҳабс шудан дар ширкати «Ҳенкел» ба ҳайси мудири анбор кор мекард. Вай дар зимни тафтишоти додгоҳӣ ихтиёран аризаи хаттӣ навишта, аз ҳизбутаҳрир хориҷ шудани худро изҳор дошт. Ғайр аз ин вай дар толори додгоҳ ба гуноҳаш пурра иқрор шуд.»




Маҳкумшуда - Акмал Акбаров дар тирамоҳи соли гузаштаи 2006 дар назди бозори Панҷшанбе - бузургтарин фурӯшгоҳи Суғд дар ҳоли паҳн кардани варақаҳои ҳизбутаҳрир аз сӯи кормандони амниятиву интизомии Суғд боздошт шудааст. Вай аз ҳукми сахти додгоҳ изҳори норизоят карда, гуфтааст ба хусус, дар ҳоле ки се кӯдаки хурдсол дорад, ҳукми мусодираи амвол алайҳи вай ғайримунсифона аст. Назир Набиев - вакили мудофеъи ӯ дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ дар ин маврид афзуд, ки дар сурати тақозои зерҳимояаш аз ҳукми додгоҳи Хуҷанд ба додгоҳи вилоятии Суғд шикоят хоҳад бурд.


Ба маълумоти идораи умури дохилаи Суғд, дар тайи соли равон се нафар ва дар соли гузаштаи 2006 сиву нӯҳ тан аъзои ҳизбутаҳрир дар устони Суғд боздошт ва ба зиндон фиристода шудаанд.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд.
XS
SM
MD
LG