Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи махфигоҳи силоҳ дар Исфара


МИ

Дар ноҳияи Исфара, дар 2 километрии роҳи нақлиётии Сурх - Боткан аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии Суғд дар дохили як бинои нотамом махфигоҳи аслиҳа кашф шудааст. Ба маълумоти идораи умури дохилаи Суғд, дар ин махфигоҳ 666 дона тир барои силоҳи худкори Калашников дар як халтаи селофанӣ, 4 дона тарконанда, як халта маводи мунфаҷира ва чанд адад гилза ва навъҳои тир барои силоҳи мухталиф кашф ва забт шудааст. Мақомоти умури дохилаи Суғд дар бораи мансубияти ин махфигоҳ назари худро ҳанӯз баён надошта, мегӯянд, ки дар ин самт тафтиш идома дорад.


Ин сеюмин махфигоҳ аст, ки дар тайи шаш моҳи ахир дар минтақаи Исфара аз сӯи кормандони мақомоти амниятиву интизомии Суғд ошкор шудааст. Дар моҳи январи соли равон, ҳамин манбаъ аз кашфи як махфигоҳи зеризаминӣ бо ду адад силоҳи оташфишони гранатомёт дар деҳаи Навгилеми Исфара иттилоъ пахш карда буд. Ба гуфтаи додситони Суғд Хайрулло Саидов, дар як мавриди кашфи махфигоҳ мансубини он низ боздошт карда шуда, алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз карда шудааст: Ба гуфтаи вай, махфигоҳ ба нафароне, ки фаъолияти зидди давлати Тоҷикистон мебурданд, тааллуқ дошт.


Аммо Абдураҳим Қаҳҳоров - сарвари раёсати умури дохилаи Суғд ахиран бо ёдоварӣ аз он ки баъди ҳамлаи як гурӯҳи силаҳноки мансуб ба ҳаракати исломии Узбакистон ба қароргоҳи марзбонони тоҷик, воқеъ дар мавзеъи Лаққони ноҳияи Исфара дар моҳи майи соли 2006 нафарони ҳамлавари ҷон ба саломат бурда теъдоде аз аслиҳаи марзбононро ба яғмо бурданд, инчунин махфигоҳҳоро ба аъзои ин гурӯҳ мансуб донист.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG