Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Кулоб дархости ҲНИТ-ро қонеъ сохт


Раёсати шаҳрии ҲНИТ дар шаҳри Кулоб Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҳавзаи интихоботии ин минтақаро ба додгоҳ кашид. Ба иттилоъи Муҳаммадшариф Набиев, раиси ҲНИТ дар Кӯлоб садорати ҳавзаи интихоботӣ дар мавриди номнавис кардани аъзои ин ҳизб дар участка ё минтақаҳои интихоботӣ сарпечӣ кардааст ва дар ин замина ҲНИТ ба додгоҳи шаҳри Кӯлоб шиква бурдааст.

Ба иттилоъи ситоди шаҳрии Ҳизби наҳзати исломӣ субҳи 29 март додгоҳи шаҳр, зери раёсати қозӣ Шарипов қазияро баррасӣ ва ба нафъи ҲНИТ ҳал кард. Ин дар мавридест, ки ба иттилоъи Сайидиброҳими Назар, номзад аз ҲНИТ ҳамчунин дар ҳавзаи интихоботии Кӯлоб, дар корзори интихобот масъулин дар бархе маврид аз вохӯриҳои ӯ бо мардум ҷилавгирӣ намудаанд


Ин дар мавридест, ки ба иттилоъи Абдухолиқи Абдуфаттоҳ, раиси ситоди ҲНИТ дар Восеъ дар ҳавзаи Ҳамадонии Хатлон, ки намояндаи дигари ҲНИТ дар интихобот ширкат меварзад, низ қонушиканӣ мушоҳида шудааст. Оқои Абдулфаттоҳ гуфт, аз 34 нафар намояндаи ин ҳизб дар ҳаъйати нозирон дар кумиссияҳои минтақавии раъйшуморӣ, ки қаблан номнавис шуда буданд, раёсати ҳавзаи интихобот 24 нафарро истихроҷ кардааст.


Ва аммо Абдулқодири Ҳасанпур, номзад аз ҲНИТ дар ҳавзаи мазбур мегӯяд, яке дигар аз иллати усулии ба мушкилот мушобеҳ шудани ӯ дар Ҳамадонӣ кам будани аъзои ҲНИТ дар мавзеъ аст.
Ва аммо масъулини ҳавзаҳои интихоботӣ дар Кӯлобу Ҳамадонӣ ба суолҳои радиои Озодӣ роҷеъ ба шикояти ҲНИТ посух надоданд.

XS
SM
MD
LG