Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия


Ду шаҳрванди Тоҷикистон бар асари заҳролудшавӣ аз дуди муҳаррики гармидиҳанда шаби 27-ум ба 28-уми марти соли равон дар Русия ба ҳалокат расиданд.


Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия бо таъйиди ин хабар гуфт, дар пайи ин ҳодиса, ки дар дар деҳаи Брюховаи ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскав рух дод, Акобир Ҳамидови 21-сола - сокини ноҳияи Колхозобод ва Маҳмадӣ Наимови 19-сола, сокини нохияи Фархори вилояти Хатлон ҷони худро аз даст доданд.


Нафарони ҳалокшуда дар ин мавзеъ бинокорӣ мекардаанд. Муҳаммади Эгамзод афзуд, пас аз анҷоми таҳқиқи тиббии ҷасадҳо, сафорати Тоҷикистон дар Русия масъалаи интиқоли турбати шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватанро баррасӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG