Имомназари Холназар, рӯзноманигори саршинос, ҳаҷвнависи шинохтаи тоҷик ва аввалин сардабири ҳафтаномаи «Адолат», баъд аз зуҳри 21-уми март дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
Имомназари Холназар, агар умр вафо мекард, 6-уми августи соли равон панҷоҳу панҷсола мешуд. Мавсуф аз соли 2000-ум ба ин сӯ аз бемории қанд ранҷ мебурд. Вале бо вуҷуди ин ӯ кори эҷодиро канор нагузошт ва то лаҳзаҳои вопасини умр бо қаламу коғаз ҳамроҳ буд. Охирин китоби навиштаашро бо номи «Аҷаб замонаҳое...» барои нашр ба дасти чоп супурда буд ва интизори нашри онро дошт. Аммо ин барояш муяссар нашуд. Китобҳои дигараш бо номи "Ҳар киву ҳар чи", "Ман ҳамин хел одам", "Боре набувад гаронтар аз ор", «Аз хандая мемурӣ» ба дасти хонанда расида буданд.
Имомназари Холназар соли 1975 баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолияти худро дар рӯзномаи он замон машҳур - "Комсомоли Тоҷикистон" оғоз кардааст. Баъдан то соли 1990 ӯ дар рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" чун хабарнигор, мудири шӯъба ва котиби масъул кор кард ва баҳори соли 1990 бинобар мухолифаташ бо бархурди ҳукумати вақти кишвар ба ҳаводиси баҳманмоҳ аз мақом барканор шуд. Аммо ӯ боз ҳам канор нарафт ва ба дунболи ин ҳафтаномаи «Адолат» - нашрияи Ҳизби демократи Тоҷикистонро таъсис дод ва худ аввалин сардабири он шуд. Ин ҳафтанома то шурӯъи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз маъруфтарин нашрияҳои вақт маҳсуб меёфт.
Ҷасади марҳум қарор аст 22 март дар шаҳри Душанбе ба хок супурда шавад.