Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА озодии Умеда Ниёзоваро талаб дорад


Миклош Ҳарастӣ, намояндаи хоси САҲА дар умури озодии матбуот аз давлати Ӯзбакистон хостааст, ки хабарнигор ва фаъоли ҳуқуқи башар Умеда Ниёзоваро озод кунад.


Дар номае ба унвони вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон Владимир Норов, Миклош Ҳарастӣ гуфтааст, бояд тамоми хабарнигорон дар ҷамъ овардану нашри иттилоъот озод бошанд.


Умеда Ниёзоваро моҳи январи ҳамин сол бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз ва ворид кардани адабиёти ифротӣ ба Ӯзбакистон боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG