Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳроб Қосимов ба истеъфо рафт


Генерал Сӯҳроб Қосимов, фармондеҳи бригадаи зудамали таъйиноти махсуси вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз мақоми худ истеъфо дод. Ҳайдар Маҳмадиев, сардори ситоди вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин хабарро таъйид намуд. Оқои Маҳмадиев далели ба истеъфо рафтани Суҳроб Қосимовро бознишаста шудани ӯ арзёбӣ кард ва афзуд Сӯҳроб Қосимов бо хоҳиши худ ба истеъфо рафтааст.





Дар ҳамин ҳол Умед Сироҷев, номи шартии яке аз фармондеҳони қисми низомии рақами 3502-и вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт теъдоди сарбозони ин қисми ҳарбӣ аз якуним ҳазор ба 500 нафар ихтисор карда шуд. Ҳоло ин қисми низомӣ ба гурӯҳи зудамали вазорати умури дохила табдил ва яке аз муовинони Сӯҳроб Қосимов -Хуршед Маҳмадшов - фармондеҳи он таъйин карда шудааст.





Беш аз 1000 сарбози ин қисми низомӣ ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳамроҳ карда шуданд.
Замоне ки мо ба мавзеъи ин қисми ҳарбӣ воқеъ дар маҳаллаи Қулписта, 15 километриии ғарби Душанбе омадем, танҳо се посбон дар назди дарвозаи ин қисми ҳарбӣ меистоданд. Онҳо гуфтанд, ки дар назар аст, гурӯҳи боқимонда ба ҷои дигар интиқол дода шуда дар ин ҷо маҳбас дуруст карда шавад.





Ба қавли Умед Сироҷев, фармондеҳи яке аз гурӯҳҳои қисми низомии 35 03, ду ҳафта қабл як ҳайати вазорати амният ва нерӯҳои марзбонӣ бидуни эълони пешакӣ ба қисми низомӣ омаданд ва теъдоди зиёди сарбозонро бурданд. Ва баъдтар маълум шуд,ки Сӯҳроб Қосимов бознишаста шудааст.






Дар солҳои мухолифати нерӯҳои ҳукуматӣ бо размандаҳои собиқ мухолифин Сӯҳроб Қосимов дар миёни фармондеҳони ҷониби ҳукумат ба якборагӣ шинохта шуд ва маъруфият касб кард.
Дар он солҳо вай аз ҷониби вазорати умури дохила фармондеҳи гурӯҳи зудамали ҳамин вазорат дар ноҳияи Варзоб таъйин карда шуд ва дар соли 1994 бо созмон дода шудани дуввумин қисми ҳарбӣ дар вазорати умури дохила, таҳти рақами 3502 фармондеҳии ҳамин қисми ҳарбиро ба дӯш гирифт.






Ва аммо бархе аз таҳлилгарони маҳаллӣ ки аз овардани номашон худдорӣ мекунанд, мегӯянд,ки Сӯҳроб Қосимов фармондеҳи дӯстдоштаи президент Эмомалӣ Раҳмонов ба шумор мерафт ва бознишастагии ғайримунтазираи ӯ то ҳадде мармуз мебошад. Дар ҳоли ҳозир Сӯҳроб Қосимов раиси федератсиюни футболи Тоҷикистон боқӣ мемонад.


Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG