Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон газу барқро бо об иваз кардан нахост


Узбакистон зери қарордоди ӯҳдадорие, ки бар асоси он газу барқи худро бо оби Тоҷикистон иваз мекард, имзо нагузошт ва бо ин, мушкили ин ду кишвари ҳамсоя дар заминаи доду гирифти барқу обу газ ҳамчунон ҳалношуда боқӣ монд.


Вазорати саноат ва энержии Тоҷикистон гуфт, дар нишасти ахири кишварҳои Авросиё дар Алмаато, мавзӯъи доду ситад дар бахши обу барқро мавриди баррасӣ қарор доданд.Қирғизистон ва Қазоқистон дар мавриди таъвизи об бо газу нафт ба мувофақа расиданд ва қарордои муштараке имзо намуданд. Ва аммо Узбакистон аз имзои чунин як қарордод бо Тоҷикистон худдорӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Пӯлод Муҳиддинов, муовини вазири саноат ва энержии Тоҷикистон, Узбакистон омода будааст, ки бо Қирғизистон сари чунин ҳамкорӣ ба тавофуқ ояд.


Ҳамдулло Шамсиев, сардори бахши назоратии ширкати давлатии «Узбекэнерго» дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ намуд.


Тибқи иттилоъи Вазорати саноат ва энержии Тоҷикистон, феълан, низомнома оид ба ҳамкорӣ ва истифодаи захоири обу энержӣ, ки дар нишасти ахири кишварҳои Авросиё таҳия шудааст, дар ҳукуматҳои Узбакистон, Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизитон дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Ва аммо муовини вазир Пӯлод Муҳиддинов мегӯяд, ҳалли ниҳоии ин мушкил танҳо дар музокироти ҷониби Тоҷикистон ва Узбакистон дар сатҳи олӣ имконпазир хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG