Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши матбуъоти форсизабон дар Душанбе


Имруз дар чаҳорчубаи ҷашни Рузи Матбуъоти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии матбуъоти форсизабон баргузор мешавад. Ба ин далел имсол дар ин ҷашн ба рузноманигорони тоҷик намояндагони бештар аз 60 нашрия аз Афғонистону Ирон, Узбакистону Қирғизистон ва Қазоқистону Руссия ҳамроҳ мешаванд. Ин конфронс 3 руз давом мекунад.


Адолати Мирзо-сардабири нашрияи "Миллат" ва яке аз созмондиҳандагони конфронси мазкур ба радиои Озодӣ гуфт, намояндагони кишварҳои мухталиф мақому манзалати забони форсӣ ва чолишҳои он дар марҳалаи кунуниро баррасӣ мекунанд.


"Дар ин ҳамоиш махсусан оянданигорӣ ва фақрзудоии расонаҳои форсизабонро баррасӣ мекунем ва имруз мебинем, ки як навъ коҳиш дар нуфузи ин забон ба миён омадааст".


Адолати Мирзо мегуяд, қарор аст дар конфронси Душанбе анҷумани рузноманигорони форсигу таъсис ёбад, то дар оянда ин анҷуман ҳамкории рузноманигорони форсигуро дар кишварҳои мухталиф ҳамоҳанг созад.
XS
SM
MD
LG