Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Ҷули Финлӣ ва Ҳамроҳхон Зарифов


Ҷули Финлӣ, cафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо қабули Қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз сӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро як гоме ба қафо дар роҳи эъмори ҷомиаи демократӣ дар ин кишвар арзёбӣ кардааст.


Ҷули Финлӣ дар поёни мусофирати дурӯзааш дар Тоҷикистон, ки бо Ҳамроҳхон Зарифов, вазири умури хориҷаи ин кишвар мулоқот анҷом дод, изҳори умедворӣ кард, ки ин қонуни мазкур аз сӯи давлат бознигарӣ хоҳад шуд. Хонум Финлӣ таъкид кард, ки Тоҷикистон ба ҳайси кишвари узв дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бояд ба тааҳҳудоти худ дар назди ин созмон пойбанд бимонад. Ва дар қонуни фаъолияти иттиҳодияҳои иҷтимоӣ бархе аз меъёрҳои байналмилалӣ сарфи назар шудааст.


Ҷули Финлӣ, cафири ИМА дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо(САҲА) ҳамчунин гуфт, ки дар ҷараёни дидор ва мулоқоташ бо вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои САҲА бо Тоҷикистон ва то чӣ андоза муҳим ва муфид будани ин муносибот барои Тоҷикистон ва масоили танзими об ва мушкилоти ҳидроэнержӣ дар Тоҷикистон ва минтақаро баррасӣ кардаанд.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG