Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломатҳои Кореяи Шимоливу Амрико дар Ню -Йорк мулоқот мекунанд


Барои нахустин бор дар 50 соли охир Кореяи Шимоливу ИМА музокиротро дар самти оддисозии равобити миёни ин ду кишвар ба роҳ монданд.


Дипломатҳои ҳар ду давлат дар Ню-Йорк мулоқот мекунанд. Ин нишаст як бахше аз муомилаест, ки барои хатми фаъолияти барномаи таслеҳоти ҳастаии Кореяи Шимолӣ равона шудааст.


Шурӯъ аз соли 1950-53-и ҷанги Корея ИМА ва Кореяи Шимолӣ дар мавқеи душманӣ қарор гирифтанд. Дар миёни мавзӯъҳои мавриди баҳси нишасти дурӯза дар Ню-Йорк тамғаи Амрико оид ба кишвари сармоягузори терроризм будани Кореяи Шимолӣ ва таҳримоти тиҷоратии зидди Пйонгйнг ҷорикардаи ИМ мебошад.


ИМА интизор дорад, ки мақомоти Кореяи Шимолӣ ба тааҳҳудоти моҳе пеш бастаи худ вафо карда дар мӯҳлати 60 рӯзи муқарраршуда таҷҳизоти аслии ҳастаии худро хомӯш хоҳанд кард. Дар посух ба ин иқдом Кореяи Шимолӣ бояд 50 ҳазор тонна захоири нафтро ба даст оварад.
XS
SM
MD
LG