Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи анҷумани солонаи порлумони Чин


Дар Пекин анҷумани солонаи парлумони Чин - Конгресси миллии мардумии ин кишвар ба кори худ шурӯъ кард. Нахуствазир Вен Ҷибао гуфт, ки дар анҷумани мазкур се ҳазор узв ширкат мекунанд ва масоили ҳифзу нигаҳдории захоири энержӣ, коҳиши олудагии ҳаво ва таъмини рушди иқтисодии Чинро баррасӣ хоҳанд кард.


Вай инчунин гуфт, ки Чин бо дигар кишварҳо барои мубориза бо хатарҳои ҷаҳонӣ ҳамкорӣ хоҳад кард, аммо дар айни замон таъкид кард, ки Чин мухолифи истиқлолияи Тайван мебошад.


Оқои Вен инчунин ваъда дод, ки барои навсозии артиши миллии кишвар талош ба харҷ хоҳад дод. Ин кишвар тасмим гирифтааст, ки мизони хароҷоти дифойии кишварро солона то 17,8 дар сад афзоиш бидиҳад.


Дар вокуниш ба ин хабар, муовини вазири умури хориҷаи Амрико Ҷон Негропонте гуфт, ки на масъалаи афзоиши буҷаи низомии Чин, балки набуди шаффофият дар барномаҳои низомии Чин мавриди нигаронии Иёлоти Муттаҳида шудааст.
XS
SM
MD
LG