Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши миллии Тоҷикистон 14 сола шуд.


УХ

Ба таъсиси нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 14 сол пур шуд. Нахустин бор пас аз пошхӯрии Шӯравӣ 23-юми феврали соли 1993, айёми ташаннуҷи низоъҳои дохилӣ паради нируҳои мусаллаҳ дар Душанбе доир шуда буд. Вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев, ки 12 соли ахир раҳбарии ин ниҳоди қудратиро ба зимма дорад, дар сӯҳбат бо хабаргузории «Азия-плюс» гуфтааст, иддаои ин ки вазорати дифоъи Тоҷикистон комилан бунёд ёфтааст, нодуруст аст. Мо дар ҳоли созмонёбӣ ҳастем - афзудааст ӯ. Барои омода кардани кадрҳои хуби низомӣ, ба гуфтаи вазири дифоъи Тоҷикистон аз 8 то 20 сол лозим будааст. Ҳоло Артиши Тоҷикистон бо Русия, Чин ва Ҳиндустон ҳамкориҳои муддавом дорад ва дар буҷаи ин кишварҳо ҳамасола маблағи махсус барои ироаи кӯмакҳои фаннию низомӣ ба Тоҷикистон пешбинӣ мешавад. Вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев эътироф кардааст, ки дар артиши Тоҷикистон асосан фарзандони хонаводаҳои миёнаҳолу деҳқонон хизмат мекунанд. Дар ҳоле, ки ба иддаои мақомот артиши Тоҷикистон хеле қавӣ аст, шикоятҳои гурӯҳҳои мудофеи ҳуқуқи башар аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам масъалаи камбуди ғизо, сиҳатии заъифи навсарбозон аз мушкилоти аслии артиши миллии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG