Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути ҳавопаймои низомии Қазоқистон


НХ

Дар наздикии шаҳри Қарағанда ҳавопаймои низомии «МИГ-31» марбут ба воҳиди низомии 50185-и Вазорати мудофиаи Қазоқистон суқут кард. Ду сарнишини он ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилоъи Вазорати мадофиа, ин воқеа шоми 16 феврал дар ҷараёни машқҳои низомӣ дар 5-6 километрии фурудгоҳи Қарағанда рух додааст. Тибқи ин иттилоъ дар ҷои фалокат ҷаъбаи сиёҳ ё худнависи ҳавопайморо пайдо кардаанд.

Ҳоло барои расидагӣ ба сабабҳои ин фалокат комиссиюни вижа созмон дода шудааст ва он натиҷаи расидагии худро рузҳои наздик эълон хоҳад кард.

Вактҳои ахир ин дуюмин ҳодисаи суқути ҳавопаймо дар ҳарими ҳавоии Қазоқистон аст. 7 феврали соли равон низ дар устони Қазоқистони Ҷанубӣ , дар наздикии минтақаи марзӣ бо Узбакистон чархболи Узбакистон ба садама дучор шуд, ки ягона сарнишини он ҷони худро аз даст дод.


Насибҷон Амонӣ,
Алмаато
XS
SM
MD
LG