Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши интиқоли гази Узбакистон ба Тоҷикистон


Интиқоли гази табиӣ ба вилояти Суғд ахиран аз ҷониби Узбакистон кам карда шуд. Ба гуфтаи масъулини идораи «Суғдгаз», акнун манотиқи марказии вилоят ба ҷои пешина 24 ҳазор метри мураббаъ дар як соат 14 ҳазор метри мураббаъ газ мегирад. Дар пайи коҳиши миқдори гази воридотӣ ба вилояти Суғд меъёри додани газ ба манзилҳои истиқоматӣ низ аз ҷониби идораи «Суғдгаз» шадидтар гашт, имрӯзҳо одамон танҳо дар ду соати шом метавонанд дар хонаҳои худ аз гази табиӣ истифода кунанд.




Аловаддин Низомов - сардори идораи «Суғдгаз» дар рӯзи сешанбеи 13 - уми феврал гуфт, ки ба сабаби саривақт пардохт нашудани маблағи гази харида аз ҷониби Тоҷикистон Узбакистон интиқоли онро ба вилояти Суғд ва манотиқи дигари ин кишвар коҳиш додааст: «Ин ягон ҷанбаи сиёсӣ надорад. Ин ба пардохти маблағ вобастагӣ дорад. Акнун аз рӯи тартиби нав Узбакистон барои даҳ рӯзи интиқоли газ маблағро гирифта, барои даҳ рӯзи оянда фиристодани онро ба роҳ мемонад. Агар маблағ сад дар сад пардохт шуда бошад, сад фоиз газро интиқол медиҳад, кам бошад, кам.»




Ба гуфтаи Абулфайз Хушдилов - намояндаи корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» дар Суғд, дар ҳоли кунунӣ қарзи минтақаи шимолии Тоҷикистон аз «Узтрансгаз» барои хариди гази табиӣ 57 миллион сомонӣ, баробари беш аз 16 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Вай афзуд, ки навад дар сади қарзи истифодаи газ бар дӯши аҳолӣ рост меояд.




Дар ҳамин ҳол баҳси аслӣ миёни сокинони оддӣ ва масъулини «Суғдгаз» сари тақсими мунсифона ва ҷамъоварии маблағи истифодаи газ меравад. Набиҷон Шукуров - як сокини Хуҷанд: «Ба хонаҳои мансабдорон, корхонаву ошхонаҳои хусусӣ, мебинем, ки газ бе ягон маҳдудият дода мешавад, ҳарчанд ки аз рӯи маълумоти «Суғдгаз» онҳо ҳам маблағи истифодаашро дар моҳи январ пурра пардохт накардаанд. Аммо ба хонаҳои одамони оддӣ ва бебизоат бошад, газ танҳо дар як - ду соати шом интиқол дода мешаваду бас. Ба назарам, масъулини газ на ба фурӯши баробари газ дар байни аҳолӣ, балки бисёртар ба тиҷорати он машғуланд.»



Аммо идораи «Суғдгаз» мегӯяд, барои ҷамъоварии беҳтар ва саривақти маблағи истифодаи газ аз аввали моҳи март ба насби ҳисобкунакҳои умумӣ дар ҳар як бинои истиқоматӣ оғоз хоҳад кард.


Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд.
XS
SM
MD
LG