Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон иттиҳомоти Амрикоро рад кард


Мақомоти Эрон айбмониҳои Иёлоти Муттаҳидаро, ки мегӯяд, афроди сатҳи баландтарини ҳукумати Эрон дар таъмини шиъагони Ироқ бо бомбаҳои пешрафтаи сарироҳӣ масъуланд, рад карданд. Сухангӯи Вазорати корҳои берунаи Эрон Муҳаммадалии Ҳусайнӣ имрӯз гуфт, "иттиҳомоти ғайри қобили қабул" як "талбиғоти" беасос мебошад.


Мақомоти ҳарбии Иёлоти Муттаҳида рӯзи якшанбе дар Бағдод ба хабарнигорон гуфтанд, аз таркиши чунин бомбаҳо сар аз моҳи июни соли 2004 зиёда аз 170 сарбози амрикоӣ дар Ироқ кушта ва садҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, таркиши чунин бомбаҳо қодир аст, зиреҳи тонкҳои "Абрамс"-и Иёлоти Муттаҳидаро низ тахриб кунад.


Ин мақомот, ки ба шарти махфӣ мондаи ҳувияташон сӯҳбат кардаанд, ашёеро ба ҳайси далел пешкаш кардаанд, ки гӯё зимни он бомбаҳо ба Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон марбут мебошанд.
XS
SM
MD
LG