Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камбуди ғалла нархи ордро боло бурдааст


Дар соли 2006 хоҷагиҳои кишти ғалладона дар дохили кишвар ҳудуди 25 % аз нақшаи маъмулии ҷумҳурӣ кам ғалла истеҳсол кардаанд ва ин яке аз сабабҳои гарон шудани нархи орд дар саросари кишвар шудааст.


Оғои Рӯзиев гуфт, дар соли 2006 дар кишвар бештар аз 900 ҳазор тонна ғалла истеҳсол шуд. Акрам Рӯзиев, сардори раёсати Саноати хӯроквории Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, талаботи солонаи аҳолии Тоҷикистон ба орд баробар ба 1 миллиону 700 ҳазор тонна мебошад. Аз беруни кишвар ҳамагӣ 700 ҳазор тонна орд вориди Тоҷикистон шудааст, ки 90 дар сади танҳо аз Қазоқистон дохил мешавад.


Ҳоло як халтаи орди 50 - килоӣ 63 - 65 сомонӣ, баробар ба 20 доллари амрикоист. Дар дӯконҳои Душанбе аслан навъҳои мухталифи орди Қазоқистон ҷой дорад ва серфурӯштарин навъи орд ҳам орди Қазоқистон аст. Фурӯшандаҳо мегӯянд, ҳангоми овардани орд аз берун дар роҳҳо низ гумрукҳо ва пулисҳои андоз ҳаққи худро меситонанд, аз ин рӯ, барои баробар кардани ҳисоб ба нарх илова карда мешавад.


Бар асоси иттилои раёсати Саноати хӯроквории Вазорати энержӣ, аз моҳи ноябри соли гузашта ба ин тараф нархи орд дар Тоҷикистон 20 дар сад боло рафт.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG