Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 130 нафар дар таркиши Бағдод


Аз як таркиши худкушона дар наздикии бозори озуқаи маҳаллаи Садрияи шаҳри Бағдод дастикам 130 нафар кушта ва 373 нафар захмӣ шудаанд. Хабаргузориҳо мегӯянд, мошини боркаши бамгузоришуда дар ҳоле мунфаҷир гашт, ки мардум харидҳои шомгоҳии худро анҷом медоданд. Аз ин бозор асосан аҳолии шиъаи маҳаллаҳои атроф истифода мекард. Ин пурталафтарин таркиш дар пойтахти Ироқ дар соли равон аст.


Дар ҳамин ҳол рӯҳонии бонуфузи Ироқ, оятуллоҳ Алии Сиистонӣ гуфт, тафовути миёни шиъаву суннӣ қарнҳо боз вуҷуд дорад, вале набояд ба хунрезӣ сабаб гардад. Вай афзуд, мусулмонон ҳоло беш аз ҳар вақти дигар ба ваҳдат ва худдорӣ аз тундравии мазҳабӣ ниёз доранд.


Сиистонӣ бе зикри ном афрод ва гурӯҳҳои муайянро ба амиқбурди ҷудоии миёни мусулмонон айбдор кард.
XS
SM
MD
LG