Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракати нирӯҳо ба шаҳраки таҳти назорати Толибон


Нирӯҳои Афғонистон ва Бритониё омодагӣ доранд, шаҳраки Мусоқалъаро дар ҷануби Афғонистон, ки ба тасарруфи толибон даромадааст, озод кунанд.


200 то 300 нафар аз мусаллаҳони ҷумбиши Толибон ин шаҳри вилояти Ҳилмандро рӯзи 1- уми феврал ишғол карданд. Ҳамлаи онҳо бархилофи созиш миён нирӯҳои байнулмилалӣ ва мӯйсафедони Мусоқалъа ба амал омад, ки мебоист мусаллаҳонро ба шаҳр роҳ намедоданд. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон Замарай Башарӣ гуфт, созиш бо аҳолии Мӯсоқалъа эътибори худро аз даст дод: "Тавофуқнома шикаст хӯрд ва ҳоло мо тасмими баъдиро мегирем, ки чӣ гуна амният дар ин ҷо барқарор гардад."


Сухангӯи Нирӯҳои байнулмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистон Том Коллинз хабарҳоро дар бораи омодагӣ ба ҳамлаи густарда дар Мӯсоқалъа тасдиқ кард ва афзуд, тибқи иттилоъи иктишофӣ толибон дар ин ҷо мавзеъҳои дифоъӣ дуруст мекунанд ва ба рафъи ҳамла омода мешаванд.
XS
SM
MD
LG