Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди низомии баландмақоми рус аз Душанбе


yv

Фармондеҳи нируҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва зидди ҳамлаи ҳавоии Русия генерал Вадим Волковитский аз қисмҳои низомии мустақар дар Душанбе дидан кард. Ба иттилоъи сафорати Русия дар Тоҷикистон, зимни боздид оқои Волковитский бо шароити пойгоҳи низомии Русия ва афсарону сарбозони он ошно шуд.



Ҳамзамон, генерали рус бо раиси ширкати ҳавоии «Тоҷик-Эйр» Ҳокимшо Тиллоев мулоқот анҷом дод. Ба гуфтаи Назира Давлатова, сухангӯи ин ширкат, ҷонибҳо пиромуни масоили тамдиди ҳузури нируҳои ҳавоии Русия дар фурӯдгоҳи Душанбе табодули назар карданд. Тафсилоти дигари боздиди фармондеҳи нируҳои ҳавоии Русия аз Душанбе ироа намешавад.



Сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатифов рӯзи 30-юми январ дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ҳангоми сафари Вадим Волковитский инчунин масъалаи мустақар кардани нируҳои ҳавоии Русия дар пойгоҳи низомии шаҳраки Айнӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.



Фурӯдгоҳи Айнӣ дар 15-километрии ҷанубу шимоли Душанбе воқеъ буда, феълан онро мутахассисони ҳинд таъмиру таҷдид мекунанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG