Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти ном шудани ҳизби нави мухолиф дар Қазоқистон


Дар Қазоқистон ҳизби нави умумимиллии сотсиал- демократ сабти ном шуд. Жармахон Туякбой - раиси ҳизб гуфт, ки алъон ҳизб беш аз 140 ҳазор нафар узв дорад ва тақрибан дар ҳамаи остонҳо ҳизб метавонад бахшҳо созмон диҳад. Раиси ҳизби тозасабтиномшуда расман эълом дошт, ки ин созмони сиёсӣ дар мухолифати усулӣ ба роҳу равиши сиёсии ҳукумати феълӣ қарор мегирад. Муҳимтарин вазифаи ҳизб, ба таъкиди оқои Туякбой, бунёди давлати иҷтимоист. Ҳарчанд дар қонуни асосии кишвар бунёди чунин давлат баён ёфтааст, вале ба андешаи сарвари ҳизби умумимиллии сотсиал - демократи Қазоқистон ҳукумат хилофи он амал мекунад. Ҳамчунин ба сурати тоза даровардани сохтори сиёсии кишвар ва бунёди ҷомиаи демократӣ аз вазоифи умдаи ҳизб баён ёфтааст. Аз гоми нахустине, ки ҳизб баъди сабти ном шуданаш гузошт, ин омода кардани лоиҳаи қонун дар бораи фаъолияти мухолифин аст. Ин қонун, ба таъкиди оқои Туякбой, бояд минбаъд фаъолияти мухолифинро ҳам дар парлумон ва ҳам хориҷ аз он кафолат дода, имкони таъқиби дигарандешонро аз байн бибарад.

Лозим ба ёдоварист, ки Ҳизби умумимиллии сотсиал - демократи Қазоқистон ба дунболи аҳзоби коммунист ва Нағиз Оқжол сеюмин созмони сиёсии мухолифин аст, ки дар кишвар расман сабти ном гардид. Вале дар ҳамин ҳол ҳизби мухолифи «Олға» - Интихоби демократии Қазоқистон соли сеюм аст, ки наметавонад сабти ном гардад. Соли гузашта вазорати адлия бо иттиҳоми он ки дар феҳристи аъзои ҳизб номҳои тақаллубӣ ҷой доштанд, аз сабти номи он рӯй тофт ва Додгоҳи олӣ низ ин тасмими вазоратро бетағйир боқӣ гузошт. Ин дар ҳолест, қи «Олға» чиҳати сабти ном ба ҷойи 50 ҳазори лозим 62 ҳазор имзо ҷамъ оварда буд.
Насибҷони Амонӣ, Алма-Ато
XS
SM
MD
LG