Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии се тарҳи ҷадиди ADB дар Душанбе


vr

Бонки осиёии рушд дар доираи тавсеаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон се тарҳи ҷадид дар риштаи роҳсозӣ, гумрук ва энержиро муаррифӣ намуд.


Як ҳайъати баландпояи ин бонк дар авоили ҳамин ҳафта барои музокира бо мақомоти масъули Тоҷикистон вориди Душанбе шуда буд.


Ҳамин тавр, тарҳи аввал дар ҳаҷми 70 миллион доллар барои тармиму таъмири шоҳроҳи Душанбе то марзи Қирғизистонро дар бар хоҳад гирифт. Бар асоси тарҳи дуввумӣ, Бонки осиёии рушд Тоҷикистонро ҷиҳати замонавӣ кардани соҳаи гумрук кӯмак хоҳад кард ва дар ин роҳ ба Тоҷикистон беш аз 10 миллион доллар қарз хоҳад дод.


Ва дар чаҳорчӯби тарҳи севвум хатти ду занҷираи энержӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон кашида хоҳад шуд.
Барои татбиқи ин лоиҳа ҳам Тоҷикистон ва ҳам Афғонистон ҷалб хоҳанд шуд, ки барои анҷоми он Бонки осиёии рушд 56 миллион доллар қарз ба ҳар ду кишвар хоҳад дод. Бо иҷрои ин барнома, Тоҷикистон метавонад ҳар сол ҳудуди 300 мегаватт нерӯи барқ ба хориҷ содир кунад.


Ҳайъати Бонки осиёии рушд барои идомаи музокира бо мақомоти Қирғизистон 24 январ озими Бишкек мешавад.
XS
SM
MD
LG