Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи озмун барои дарёфти ҷоизаи Лоҳутӣ - 2007


Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон барои дарёфти ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ дар соли 2007 миёни журналистон озмун эълон кардааст. Нӯъмон Пӯлодов, котиби масъули Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар ин озмун танҳо аъзои сабти номшудаи Иттиҳодияи журналистон ҳаққи ширкат варзидан доранд.


Оқои Пулодов гуфт ба озмун танҳо матолиби нашрӣ, ё родиё-телевизионие пешниҳод мешавад,ки дар соли 2006 чоп ё пахш шуда бошанд.Тибқи иттилоъи котиби масъули Иттиҳоди журналистон нафароне, ки қаблан барандаи ҷоиза шудаанд, наметавонанд дар озмуни имсола иштирок намоянд, зеро ҷоиза ба як нафар танҳо як маротиба супурда мешавад. Кумиссиюни эътои ҷавоизро Умари Шерхон, муовини сарвари нашриёти вобаста ба дастгоҳи раиси ҷумҳур «Шарқи Озод» ба ӯҳда дорад. Мӯҳлати охирини пешниҳоди маводи журналистӣ ба озмун 15-уми феврали соли равон муқаррар шудааст.

Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG