Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи ҳаракат дар масири Душанбе - Хуҷанд


Шумори номаълуми васоили нақлияи боркаш ва мусофирбар ҳамроҳ бо мусофирон дар мавзеъи Майхураи ноҳияи Варзоб, дар 80 километрии масири Душанбе -Хуҷанд банд мондаанд.




Маҳмадулло Ҳалимов муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон гуфт резиши тарма дар шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд дар деҳаи Майхураи ноҳияи Варзоб боис шудааст,ки ин роҳ ба муҳлати номаълум масдуд шавад.




Ҳамин манбаъ афзуд,ки дар ҳоли ҳозир ситоди ҳолоти изтирорӣ якҷо бо идораи роҳи ноҳияи Варзоб тамоми имконоти фаннии худро ҷиҳати ҳарчи зудтар тоза кардани ин қисмати роҳ ҷалб кардааст.




Ва барои раҳоии мусофирини бандмонда дар васоили нақлия дар даромадгоҳи ғарбии нақби Истиқлол аз кӯмаки сокинони деҳоти наздик ба маҳалли вуқӯъи ҳодиса низ истифода шуда истодааст.



Гуфта мешавад сокинони деҳаи Зиддӣ мусофирини бандмондаро дар манозили зист ва масҷид паноҳ додаанд. Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон гуфт бориши беисти барф равуои нақлиёт дар масири Душанбе - Ғарм дар шарқи кишварро низ ба мушкил мувоҷеҳ кардааст.



Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон гуфтанд бориши барф ва резиши тарма то ду рӯзи дигар низ дар ҷодаҳои кишвар ва махсусан дар манотиқи куҳистонӣ идома хоҳад дошт .




Аз ин рӯ аз мусофирин ва ронандагон даъват шудааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз вуқӯъи ҳар гуна ҳаводиси ғайримунтазира дар ин рӯзҳо аз сафар худдорӣ кунанд.

Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG