Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ба ҳукумат ва ниҳодҳои масъул ихтор додааст, ки омодаи рафъи авоқиби резиши шадиди барф ва сардии бесобиқа дар рӯзҳои 18 -ва 19-уми январ дар қаламрави ин кишвар бошанд.
Маҳмад Сафаров-муовини аввали раиси Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон таъйид кард, ки дар ин рӯзҳо ҳаво бамаротиб сард шуда, ба вижа дар водиҳо ва манотиқи куҳистонӣ барфи зиёд меборад.
Ин ҳам дар ҳолест,ки дар ин минтақаҳо қабати барф наздик ба ду метр расида таҳдиди вуқӯъи ҳар гуна офоти табиъиро ба миён меорад. Оқои Сафаров афзуд,ки бориши зиёди барф ва фуруд омадани тарма равуои васоили нақлияро дар ҷодаҳо дучори мушкил карда, ҳамчунин эҳтимоли тахриби хутути интиқоли барқро дар пай хоҳад дошт.
Ба ин хотир вазорати нақлиёт ва мухобирот, идораи бозрасии автомобилӣ, вазорати саноат ва энергетика ва кумитаи умури изтирории Тоҷикистон қабл аз вуқӯъи ҳаводиси табиъӣ огаҳ карда шудаанд, то дар ин рӯзҳо аз тадобири зарурӣ кор бигиранд.
Дар ҳамин ҳол Нуралишо Назаров-муовини раиси Кумитаи умури изтирории назди ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ҳамзамон бо дарёфти ин огаҳӣ ба ҳамаи ситодҳои маҳаллӣ дастури омодабош дода шудааст.
Ҳавошиносон дар ҳоле аз афзоиши сардӣ дар рӯзҳои минбаъда хабар медиҳанд,ки аз як ҳафтаи қабл мақомоти Душанбе - пойтахти кишвар дубора реҷаи маҳдуди интиқоли барқ ба аҳолиро ҷорӣ кардаанд.
Ин ҳам дар ҳолест,ки неруи барқ танҳо манбаи гармӣ барои бештари мардуми маҳаллоти пойтахт боқӣ мондааст. Бо ин ҳол Маркази ҳавошиносӣ иттилоъ медиҳад, ки баъд аз рӯзҳои бистум ва бистуякуми январ имкон дорад ҳавои Тоҷикистон рӯ ба гармӣ орад.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе.