Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон 10 миллиард доллари Русияро бурдаанд


Константин Ромодановский, раиси Хадамоти муҳоҷирати Русия мегӯяд, муҳоҷирон ба буҷаи кишвараш зарбаи ҷиддӣ мезананд. Ба гуфтаи вай муҳоҷирони иқтисодӣ соле то 10 миллиард пули Русияро ба кишварҳои худ интиқол медиҳанд. Мақоми аршади Русия муҳоҷирони тоҷикро дар ин мавриди махсус зикр кард ва гуфт, онҳо солона 2 миллиард доллари Русияро ба Тоҷикистон "мекашонанд".


Ромодановский гуфт, "дуруст аст, ки онҳо ин сармояро ба заҳмат дастёб мекунанд, вале Русия бояд аз ихроҷи ин маблағ сарбахш бигирад, онгуна ки дар кишварҳои мутаммадин ҷой дорад." Раиси Хадамоти федероли муҳоҷирати Русия инчунин хабар дод, ки ҳоло дар кишвараш 1 миллиону 150 муҳоҷирон ба таври қонунӣ кор ва зиндагӣ мекунад, дар ҳоле ки дар соли 2005 10 миллион нафар дар Русия ғайриқонунӣ ба сар мебурданд. Ромодановский гуфт, ним миллион нафари онҳо соҳиби шаҳрвандии Русия шуданд ва боз имкон дорад то 400 ҳазор нафари дигар хостори шаҳрвандӣ бошанд.
XS
SM
MD
LG