Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Русия афви муҳоҷирони ихроҷшударо хостааст


Хадамоти давлатии муҳоҷирати Тоҷикистон ба Русия пешниҳод кардааст, ки 50 ҳазор аз муҳоҷирини ихроҷшудаи тоҷикистонӣ аз ин кишварро афв кунад. Раиси Хадамоти давлатии муҳоҷирати Тоҷикистон Анвар Бобоевмегӯяд аксари кулли муҳоҷирини ихроҷшуда ҷиноёти сангине содир накардаанд ва чун иллати ихроҷи онҳо риоят накардани муқаррароти будубош аст, интизор меравад мақомоти Русия онро ба таври мусбат ҳаллу фасл кунанд.


Дар ҳамин ҳол Ғаюр Қаҳҳоров- як коршиноси тоҷик низ мӯътақид аст, ки мушкилоти муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик аз Русия бо талоши мақомоти ин ду кишвар роҳи дурусти ҳалл пайдо хоҳад кард. Зеро авомили зиёде миёни ин ду кишвар бар ҳалли мусбати ин масъала вуҷуд дорад. Аммо Раҳматулло Зоиров-раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва яке аз ҳуқуқшиносони тоҷик бар ҳалли сареъ ва мусбати мушкилоти муҳоҷирини ихроҷшудаи тоҷик дар Русия тардид дорад.


Вай мегӯяд тақозои афви муҳоҷирини тоҷикистонӣ аз ҳукумати Русия роҳи ҳуқуқии ин қазия буда наметавонад. Зеро мегӯяд оқои Зоиров ихроҷи ин ё он шаҳрванди хориҷӣ аз қаламрави кишвар тибқи қавонин ҷазои маъмурӣ мебошад, ки он бо қарори додгоҳ амалӣ мешавад. Вале қонуни афв дар ихтиёри порлумон ва президент мебошад ва аз тарафи дигар барои ҷазои маъмурӣ афвро татбиқ намекунанд.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG