Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе ҳамоиши ҳифзи мероси фарҳангӣ баргузор мешавад


Дар таърихи 19-20 моҳи январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҳифзи мероси фарҳангии Осиёи марказӣ доир мешавад. Ҳадаф аз ин ҳамоиш мусоидат ба ҳифзи ёдгориҳои қадимаи фарҳангии Осиёи Марказӣ будааст.


Юнеско, идораи фарҳанг ва илми Созмони Милал яке аз баргузоркунандагони нишаст мегӯяд, ки дар ин ҳамоиш намояндагони расмӣ ва коршиносон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон ширкат мекунанд.


Ин дар ҳолест, ки ҳифзи мероси фарҳангӣ дар Тоҷикистон яке аз умдатарин масоили фарҳангии кишвар номбар мешавад. Зеро дар тӯли солҳои ахир, ҳамчунин дар гузашта теъдоде аз ёдгориҳои фарҳангии қадимаву гаронарзиши Тоҷикистон ба таври қочоқ ва ё бо тақозои сиёсатҳои ҳукуматҳои давр аз кишвар хориҷ шудааст.
XS
SM
MD
LG