Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси демократҳо дар Хатлон


yv

Тағйири раёсати созмони Ҳизби демократ дар вилояти Хатлон норизоияти пайравони Искандаровро ба бор овард. Онҳо мегӯянд, намояндагони Ҳизби демократи Собиров ҳаққи дахолат ба умури созмони хатлонии ҳизбро надоранд.


Аммо Саидаҳмади Набизода, муншии Ҳизби демократи Собиров дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, раёсати ҳизб аз фаъолияти созмони вилоятии ҳизб розӣ буда наметавонад, аз ин лиҳоз дар ҳайати раёсати он тағйирот ворид шудааст. Ба гуфтаи ҷаноби Набизода, ҳоли ҳозир раиси мунтахаби демократҳои Хатлон, устоди тарбияи бадан Тағойназар Нодиров 20 созмони тозатаъсиси ҳизб дар навоҳии минтақаро парасторӣ мекунад.


Ва аммо Сайраҳмон Назриев, узви садорати Ҳизби демократи Искандаров, масъули ҳизб дар Хатлон мегӯяд, раёсати нави созмони минтақавии ҳизбро эътироф намекунад.


Вале Саидаҳмади Набизода, муншии Ҳизби демократи Собиров эҳтимоли таъсиси эътилофи ҷиноҳҳои ҳизби демократро истисно намекунад, гузашта аз ин ӯ гуфт, агар пайравони Искандаров даъвои раисии Искандаровро накунанд, ҷонибҳо муттаҳид хоҳанд шуд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG