Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъномаи таҳримҳои зидди Эрон ба тасвиб расид


Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, пас аз ду моҳи гуфтушунидҳои душвор, рӯзи шанбе бо иттифоқи оро қатъномаи таҳримҳои зидди Эронро ба тасвиб расонд.


Тибқи он фурӯши мавод ва фанновариҳои муайяне ки метавонанд, ба барномаҳои ҳастаӣ ва мушакии Эрон мусоъадат кунанд манъ хоҳад буд. Ва ҳамчунин моликияти ширкат ва ё афроде ки, ки тибқи феҳрасти Иёлоти Муттаҳида бо Эрон дар барномаҳои ҳастаӣ ва мушакӣ ҳамкорӣ кардаанд, мунҷамид мегардад.


Эрон батакрор гуфтааст, фаъолиятҳои ҳастаии он сирфан сулҳомез будаанд, аммо Амрико ва давлатҳои Ғарб мегӯянд, ба ин баёния эътимод надоранд ва Эрон дар талоши дастёфт ба силоҳи ҳастаист. Шўрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз Эрон қатъи ғанисозии ураниумро талаб кард ва мегӯяд, агар Теҳрон ба ин даъват посухи манфӣ диҳад, аз чораҳои шадидтар истифода хоҳад кард.


Теҳрон қатъномаро ғайриқонунӣ номида, таҳдид кардааст, ки аз созишномаи адами густариши таслиҳоти ҳастаӣ хориҷ ва ҳамкориро бо бунгоҳи ҳастаии Созмони Милал қатъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG