Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии лоиҳаи қонуни таъмини иҷтимоъии чернобилчиён


Порлумони Тоҷикистон дар нишасти ахири худ лоиҳаи қонуни ҳифзи иҷтимоии зарардидагони садамаи Чернобилро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур тахассуси як идда имтиёзот барои ширкатдорони садамаи Чернобилро дар назар дорад. Бояд гуфт, бист сол муқаддам зиёда аз 4,5 ҳазор тоҷикистонӣ дар бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил дар Украина ширкат карда буданд.

Мақомоти Созмони ҷамъиятии «Чернобил» мегуянд беш аз 90 фоизи аъзои ин созмон дар ҳоли ҳозир бекоранд. Ба гуфтаи онҳо дар корхонаҳои кишвар имрӯз бо ҳадафи гурез аз пардохти маблағи иловагӣ ширкаткунадагони рафъи авоқиби садамаи Чернобилро ба кор намегиранд.

Ин дар ҳолест,ки гуфта мешавад, имрӯз чернобилчиён ва аъзои хонаводаҳои онҳо дар кишвар ба пуштибонии бештар ва дарёфти имтиёзот аз сӯи давлат ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG