Вазири умури хориҷии Эрон мегӯяд, кишвараш танҳо дар ҳоле вориди гуфтушуниди мустақим бо Иёлоти Муттаҳида мешавад, ки агар Амрико хуруҷи нирӯҳояшро аз Ироқ эълон кунад. Манучеҳри Муттакӣ гуфт, агар Иёлоти Муттаҳида нирӯҳои худро аз Ироқ фаро хонад, Эрон "омода ба кӯмак" хоҳад шуд. Вале, афзуд ӯ, Эрон ҳанӯз чунин иродаи сиёсиро дар мавзеъгирии Вашингтон мушоҳида накардааст.
Ин изҳороти намояндаи аршади Эрон дар ҳоле садо медиҳад, ки президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш бори дигар мухолифаташро ба хуруҷи шитобкоронаи нирӯҳои кишвараш аз Ироқ баён дошт ва гуфт, пирӯзӣ дар Ироқ ҳанӯз "имконпазир" аст.
Гуфтушуниди мустақим бо Эрон ва Сурия яке аз тавсияҳои асосии Гурӯҳи мутолиаи Ироқ буд, ки гузориши он ҳафтаи гузашта ба нашр расид.