Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чароғҳои садсолаи Эдисон дар музояда гузошта шудааст


Рӯзи 19 декабр дар Лондон 23 чароғи барқие, ба фурӯш гузошта мешавад, ки онро Томас Эдисон ихтироъкори амрикоӣ дар соли 1890 истифода кардааст.


Ин чароғҳоро ба он хотир дар музояда мегузоранд, то ки барои ҳифзи ҳуқуқи ихтироъкор барои кашфиёти мухталифаш пул дарёфт шавад.


Он 23 чароғи барқиро соли 2002 дар яке аз хонаҳои қадимӣ дар Амрико пайдо кардаанд. Ҳамаи 23 чароғ дар дохили қуттие чӯбии махсус ва бо калиди махсуси худаш будааст.


Интизор меравад, ки чароғҳои барқии Томас Эдисонро ба маблағи 600 ҳазор доллар бифурӯшанд.
XS
SM
MD
LG