Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон кори консулгарии худ дар Душанберо боздошт


Бахши консулгарии сафорати Олмон дар Тоҷикистон бинобар қатъ ёфтани интиқоли нерӯи барқ фаъолияти худро муваққатан дар ин кишвар мутаваққиф намудааст.

Дар баёнияе, ки ба ин муносибат имрӯз 5- ноябр сафорати Олмон дар Тоҷикистон ба нашр расонидааст, гуфта мешавад,ки шурӯъ аз моҳи ноябр интиқоли барқ ба сафорати мазкур ба таври номутассил сурат мегирад.

Чунин вазъ омадааст дар баёнияи сафорати Олмон дар Тоҷикистон сафорати Олмон дар Тоҷикистон имкон надорад фаъолияти ҳамарӯзаи бахши консулгарии худро ба таври доимӣ таъмин созад.

Баёнияи сафорати Олмон дар Тоҷикистон таъкид намудааст,ки бахши консулгарии сафорати мазкур фаъолияти худро танҳо пас аз барқарор гардидани интиқоли пурраи барқ аз сар мегирад.

Боридани барфи зиёд ва ғайри мунтазира сард гардидани ҳаво дар Тоҷикистон ва пойтахти он шаҳри Душанбе дар баробари мардуми оддӣ ҳамчунин фаъолияти ниҳодҳои хориҷиии мустақар дар ин кишварро низ бо мушкил ру ба рӯ сохтааст.

Дар ҳоли ҳозир аксари сафоратхонаҳо ва ниҳодҳои хориҷии фаъол дар Тоҷикистон бинобар пеш омадани мушкили таьмини барқ умдатан аз дастгоҳҳои мухтори барқзо истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG