Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Нопадид шудани як шаҳрванди уйғуртабори Чин дар Қазоқистон

Сезар Дюбон, намояндаии Кумиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон дар Қазоқистон аз нопадид шудани шаҳрванди уйғуртабори Чин - Аркин Ёрмуҳаммад Содиқ, ки ҷӯёи мақоми паноҳандагӣ буд, изҳори нигаронӣ намуд.


Оқои Дюбон гуфт, ки А.Ё. Содиқ беш аз як моҳ боз нопадид аст. Ӯ гуфт, Ёрмуҳаммад Содиқ моҳи июни соли равон дар Алмаато аз ҷониби ниҳодҳои интизомии Қазоқистон боздошт шуда буд. Ҳамон лаҳза ҳамсари вай ба намояндагии умури паноҳандагон муроҷиат ва дархост кард, ки ба шавҳараш мақоми паноҳанда дода ӯро аз истирдод ба Чин ҳимоят намоянд. Оқои Дюбон гуфт, ниҳоди ӯ охири ҳамон моҳ аз Вазорати хориҷаи Қазоқистон дархост кард, то бо Ёрмуҳаммад Содиқ мулоқот намоянд. Вазорат намояндагиро итминон бахшидааст, ки баъди бозрасии қазия ин дархост иҷро хоҳад шуд. Вале ба гуфтаи оқои Дюбон, онҳо чунин иҷозаро нагирифтаанд.


Бозрасии қазия чаҳор моҳ идома кард ва баъдан 23 октябр додгоҳи ноҳия иттиҳом алайҳи Содиқро бепоя хонда ӯро озод намуд.Вале аз он вақт то имрӯз касе ӯро надида ва дар борааш чизе ҳам нашунидаанд. Ҳамчунин ба таъкиди оқои Дюбон, то имрӯз онҳо дар бораи дар куҷо будани вай иттилоъи расмие дар даст надоранд. Тибқи иттилоъи шифоҳии расида, имкон дорад, ин шахс ба Чин истирдод шуда бошад.


Оқои Дюбон афзуд, ки бо назардошти чунин ҷараён гирифтани воқеа дафтари Кумиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон ба таври фаврӣ аз ҳукумати Қазоқистон дархост кард, ки ҳолатҳои нопадид шудани ин шахси ҷӯёи мақоми паноҳандагиро бозрасӣ намояд. Ҳамчунин, ин ниҳоди СММ ҳукумати кишварро дар бораи мукаллафиятҳояш чун кишвари имзокардаи Эъломияи соли 1951 хотиррасон кардааст. Тибқи ин Эъломия, шахси ҷӯёи мақоми паноҳандагӣ ва ё паноҳанда набояд ба кишваре, ки дар он барояш бо сабабҳои нажодӣ, мазҳабӣ, миллӣ, мансубият ба гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва ё ақидаи сиёсиаш хатар мавҷуд аст, истирдод шавад.
Насибҷон Амонӣ, Алмаато

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Ашраф Ғанӣ гуфт, саҳифаашро дар Фейсбук рахна кардаанд

Ашраф Ғанӣ

Раисҷумҳури барканоршудаи Афғонистон дар Твиттер хабар дод, ки саҳифаи расмиаш дар Фейсбук рахна шудааст.

Ашраф Ғанӣ рӯзи 27-уми сентябр гуфт, навиштаҳои нав дар мавриди дархости ӯ барои ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҳукумати "Толибон" дар Фейсбук "эътибор надорад".

Пеш аз ин баёния, дар саҳифаи расмии Ашраф Ғанӣ дар Фейсбук навишта шуда буд, ки чаро ба намояндагӣ аз ҳукумати Афғонистон Ғулом Муҳаммад Исҳоқзай дар Маҷмааи умумии Созмони Милал суханронӣ мекунад. Исҳоқзай дар замони ҳукумати Ашраф Ғанӣ намояндаи доимии Афғонистон дар Созмони Милал таъин шуда буд.

Дар бахше аз матн омадааст, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷойи ин ки аз миллати Афғонистон фосила гирад, "бояд бо ҳукумати ҳозира ба раҳбарии “Толибон” ҳамкорӣ кунад".

Аммо Ашраф Ғанӣ дар Твиттер гуфтааст, ин навишта дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук эътибор надорад.

Дар ҳоли ҳозир ин матнро аз Фейсбук бардоштаанд.

Ашраф Ғанӣ рӯзи 15-уми августи имсол, замоне ки ҷангҷӯёни "Толибон" дар паси дарвозаҳои Кобул истода буданд, Афғонистонро тарк кард.

Ӯро барои гурехтан ва раҳо кардани мардуму кишвараш дар вазъияти мушкил танқид мекунанд, вале вай гуфтааст, барои пешгирӣ аз “ҷӯйи хун” дар Кобул ин корро кард.

Марзбонони Тоҷикистон "боздошту омодабош" дар марзи Қирғизистонро рад карданд

Қаблан мақомоти Қирғизистон дар сарҳад бо Тоҷикистон посгоҳҳои иловагӣ ташкил карда буданд

Бино ба гузоришҳо, Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 26-уми сентябр нерӯҳояшро дар сарҳад бо Тоҷикистон ба ҳолати омодабош даровардааст. Дар ҳоле ки ҷониби Тоҷикистон дар ин бора расман чизе намегӯяд, хабаргузории русии ТАСС аз қавли мақомоти Қирғизистон ҳадафро "пешгирӣ аз авҷ гирифтани муноқишаҳо" дар ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд номид.

Ноҳияи Лайлаки Қирғизистон бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ҳаммарз аст ва моҳи апрели имсол саҳнаи муноқишаи ҷонибҳо буд.

Хабаргузории русии ТАСС тасмими охири Бишкекро ба боздошт ва раҳоии ду мактабхони қирғиз дар рӯзи 23-юми сентябр пайванд додааст.

Идораи марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иддаои боздошт шудани ду сокини 16-солаи Қирғизистонро "аз тарафи шахсони ношинос дар Тоҷикистон" рад кард.

Як манбаъ дар Идораи марзбонии Суғд рӯзи 27-уми сентябр гуфт, "ду хонандаи мактаб ҳангоми аз "Мерседес Спринтер" фаровардани ангур дар маҳаллаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи маъмурони амниятӣ барои пурсиш бурда шуданд, на ин ки дастгир шуданд. Маъмурони амниятӣ мехостанд, соҳибони бор ва мошинро маълум кунанд, ки то ҳоло дақиқ нашудааст."

"Мо мехостем, наврасонро ба хонаашон фиристем ва дертар ба намояндагони мақомоти Қириғизистон супурдем. Вазъият ҳоло ҳам дар тарафи мо ва ҳам дар тарафи ҳамсоя комилан ором аст", -- афзуд ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш фош шавад.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон дар иддаои тоза гуфтанд, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 26-уми сентябр сокини деҳаи Жаштики ноҳияи Лайлаки Қирғизистон Урозбек Мирзоевро дастгир кардаанд.

Бино ба хабари Хадамоти марзбонии Қирғизистон, шаҳрванди 26-солаи ин кишвар ҳамроҳи ҳамсараш, ки ӯ ҳам қирғизистонӣ аст, ҳангоми сафар ба як деҳаи Тоҷикистон дар мусофирбари масири "Хуҷанд - Конибодом" боздошт шудааст. Манбаъ 27-уми сентябр хабар дод, ки пас аз мулоқоти раҳбарони идораҳои марзбонии вилоятҳои Бодканди Қирғизистону Суғди Тоҷикистон “сокини ноҳияи Лайлак озод карда шуд".

Ҷониби Тоҷикистон то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва нишонагузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бар сари тақсими об, муноқиша сар мезанад.
Дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи 28-29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф 55 кас кушта, даҳҳо нафар захмӣ ва даҳҳо манзил сӯхтаву вайрон шуданд. Нерӯҳои ду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд. Додситониҳои кулли ду кишвар дар пайванд ба ҳодиса парванда кушода, таҳқиқро оғоз карда буданд, аммо то ҳанӯз натиҷаи онро эълон накардаанд.

Ҳушдори Шӯрои паноҳандагони Норвегия аз шикасти иқтисодии Афғонистон

Мардикорбозоре дар Афғонистон. Мардони бекору даромад ин ҷо бо умеди пайдо шудани кори кироя меоянд

Шӯрои паноҳандагони Норвегия ҳушдор дод, ки Афғонистон дар остонаи як шикасти иқтисодӣ қарор дорад ва ин кишвар баъди суқути ҳукумат дар моҳи август ва сари кор омадани “Толибон” бо як фоҷеаи башарӣ рӯбарӯ шудааст.

Ян Эгеланд, дабири кулли ин шӯро бо нашри изҳороте рӯзи 27-уми сентябр гуфт, “Иқтисоди Афғонистон аз назорат хориҷ мешавад. Низоми расмии бонкӣ метавонад ҳар лаҳза шикаст хӯрад, чун бо набуди пули нақд рӯбарӯ шудааст. Ман бо оилаҳое ҳамсӯҳбат шудам, ки мегӯянд, рӯзашонро бо як пиёла чою нони қоқ сиёҳ мекунанд”. Рӯзи 15-ми сентябр “Толибон” шаҳри Кобулро ишғол карданд ва баъди ин бисёр кишварҳои хориҷӣ сафоратҳои худро баста, дороиву кӯмакҳои башардӯстона ба ҳукумати Афғонистонро масдуд карданд. Ин ҳолат вазъи башариро бӯҳронӣ кардааст.

Эгеланд гуфт, садҳо ҳазор мардуми беҷошуда дар дохили Афғонистон ба сарпаноҳ, либос ва ғизо ниёз доранд. Ӯ гуфт, бахусус дар остонаи сардиҳои шадид, ки то -20 дараҷаи Селсия мерасад, ёриҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон ба таври оҷил лозим мешавад.

Аз моҳи январи имсол 664 ҳазор нафар дар саросари Афғонистон беҷо шуда, шумори умумии мардуми бехонаву дармонда дар ин кишвар 3,5 миллион нафарро ташкил додааст.

Дар изҳороти Эгеланд омадааст, ки дар Афғонистон аз ҳар се нафар як нафараш “шадидан гурусна” аст ва 93 дарсади хоҷагиҳо дар ин кишвар ҳафтаи гузашта ғизои кофӣ надоштанд. Дар ин бора як таҳқиқоти Барномаи ҷаҳонии озуқа хабар дод, ки пурсиши худро телефонӣ анҷом додааст. Дар изҳорот омадааст, ки “донорҳо бояд сари тасмимҳои оҷил ва корсоз тамаркуз кунанд, то ки барои кӯдакон, занон ва мардон, ки наметавонанд интизор нишинанд, ба таври изтирорӣ ёрӣ расонанд”.

Дар изҳорот омадааст, ки аз 32 миллион сокини Афғонистон беш аз 18 миллион нафараш ба таври мустақим аз кӯмакҳои башардӯстона вобаста мебошад. Оғози моҳи сентябр ҷомеаи байналмилалӣ беш аз 1,2 миллиард доллар кӯмаки башариро ба Афғонистон пешкаш намуд. Афғонистон давоми 20 соли охир аз маблағгузории байналмилалӣ вобаста буд ва сеяки буҷаи давлатӣ ҳам аз ҳамин ҳисоб такмил мешуд.

Мушкилоти фаннӣ дар паёмрасони Signal

Замимаи паёмрасони Signal гуфт, ки рӯзи 27-уми сентябр бо мушкил рӯбарӯ шуд ва кори хадамот муваққатан боздошта шудааст. Ширкат бо нашри изҳороте гуфт, ки “Signal бо сабаби эҷоди мушкил дар ҳостинг ва бекор шудани бархе хадамот, феълан кор намекунад”. Дар паёме, ки маъмурияти ин паёмрасон дар Твиттер навиштааст, кор дар самти таъмири он идома дорад. Хабарҳо дар бораи осеб дидани кори Signal дар ИМА, Аврупо, Ҳонгконг ва дигар нуқоти ҷаҳон аз шоми 26-уми сентябр ба ин сӯ нашр мешаванд.

Замимаи Signal соли 2014 таъсис шуд. Афзоиши шумори корбарони ин паёмрасон баъди он мушоҳида шуд, ки паёмрасони WhatsApp, марбут ба ширкати Facebook гуфт, ки дар сиёсати ҳифзи маълумоти хусусӣ тағйирот ворид мекунад. Истифодаи Signal-ро миллиардер ва соҳибкори фанновариҳои навин Илон Маск ҳам таблиғ кард ва танҳо дар моҳи март шумори корбарони онро ба беш аз 100 миллион нафар боло бурд.

Signal-ро дар Тоҷикистон камтар ва паёмрасонҳои дигари мисли WhatsApp, IMO ва “Телеграм”-ро бештар истифода мекунанд.

ФСБ гуфт, дар Уфа панҷ неофашистро боздошт кардааст

Уфа, 7 июли соли 2021. Ходимони ФСБ гумонбарони узвият дар "Ҳизб-ут-таҳрир"-ро боздошт мекунанд

Мақомоти амниятии Русия гуфтанд, панҷ неофашистро боздошт карданд, ки ба қавли онҳо, дар андешаи ташкили амали террористӣ дар Ҷумҳури Бошқирдистони аксар сокинаш мусалмон буданд.

Дар изҳороти ФСБ – Хадамоти амнияти федеролӣ рӯзи 27-уми сентябр омадааст, ки панҷ боздоштшуда сокини шаҳри Уфа – пойтахти Бошқирдистон буданд ва ният доштанд бо истифода аз маводи таркандаи дастсохт амалҳои террористӣ анҷом диҳанд. Тафтишот гуфтааст, ки аз хонаҳои гумонбарон дастгоҳи таркандаи худсохт, ҷузъҳои детонатор, нӯҳ силоҳ, роҳнамои таҳияи маводи тарканда, аксҳои раҳбарони Олмони фашистӣ ва дигар далелҳоро ошкор кардаанд.

Ҳамаи боздоштшудаҳо, ки синнашон 18-20-сола будааст, дар боздоштгоҳи муваққатӣ мебошанд. Аз рӯи чанд модда, аз ҷумла иттиҳоми омодагӣ ба анҷоми амали террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Феълан ҷузъиёти дигар дар даст нест. Инчунин маълум нест, ки оё боздоштшудаҳо иттиҳомоти мақомотро эътироф кардаанд ё на.

COVID-19 умрро кӯтоҳ мекардааст

Эмкунӣ бар зидди COVID дар як китобхонаи миллии Руминия.

Як таҳқиқоти нав мегӯяд, ки пандемияи COVID-19 боиси коҳиши умри инсон гардидааст ва ин як мушкили бесобиқа дар ҷаҳон баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон будааст. Таҳқиқоте, ки дар 29 кишвари Аврупо, ИМА ва Чилӣ барпо шудааст, мегӯяд, дастоварди солиёни тӯлонӣ дар заминаи таъмини дарозумрии инсонҳо бо сабаби пандемияи коронавирус осеб дид. Доктор Риди Кашяп, ҳаммуаллифи таҳқиқоте, ки рӯзи 27-уми сентябр дар Маҷаллаи байналмилалии эпидемиологӣ чоп шуд, мегӯяд, “таъсири COVID-19 барои бисёр кишварҳо мисли як зарба гардид”.

Муҳаққиқон маълум кардаанд, ки аз миёни 29 кишвар дар 22-тоаш умри инсонҳо ним сол кам шудааст. Ин хулоса дар муқоиса бо нишондодҳои соли 2019 карда шудааст. Пандемияро мардон назар ба занон сангинтар пуштисар кардаанд.

Таҳқиқот собит кардааст, ки дар 11 кишвар умри мардон ва дар 8 кишвар умри занон ба ҳисоби миёна як сол кам шудааст. Дар ИМА умри инсон 2,2 сол ва дар Литва 1,7 сол кам шудааст. Дар ИМА марги инсонҳо бештар дар миёни то 60-солаҳои синнусоли корӣ мушоҳида шудааст, дар Аврупо бошад бештар дар миёни аз 60-солаҳо боло. Таҳқиқот ба хулосае омадааст, ки мизони маргу мири инсонҳо дар Аврупои Ғарбӣ аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳон чунин боло нарафта буд.

Тоҷикистон як шаҳрванди Қирғизистонро боздошт кардааст

Деҳаи Жаштики ноҳияи Лайлаки Қирғизистон

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 26-уми сентябр сокини деҳаи Жаштики ноҳияи Лайлаки Қирғизистон Урозбек Мирзоевро дастгир кардаанд.

Бино ба хабари Хадамоти марзбонии Қирғизистон, шаҳрванди ин кишвар, соли таваллудаш 1995, ҳамроҳи ҳамсараш, ки ӯ ҳам қирғизистонӣ аст, ҳангоми сафар ба як деҳаи Тоҷикистон дар мусофирбари масири "Хуҷанд-Конибодом" боздошт шудааст.

Манбаъ афзуда, ки қарор аст раҳбарони идораҳои марзбонии вилоятҳои Бодканди Қирғизистону Суғди Тоҷикистон бо ҳам мулоқот карда, "қонунӣ будани боздошти сокини ноҳияи Лайлак ва баргардонидани ӯ ба ватанро баррасӣ кунанд".

Дар ҳамин ҳол аз ҳукумати вилояти Бодканд хабар доданд, ки гуфтугӯи ҷонибҳо аллакай оғоз шуда, раҳбарони вилоятҳои ду кишвар суҳбати телефониеро дар ин замина анҷом додаанд.

Ҷониби Тоҷикистон то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст.

Дар зилзилаи Юнон як нафар кушта шуд

Осори як зилзилаи пуршиддате дар Юнону Туркия. Ноябри соли 2020

Дар зилзилаи пурқудрате, ки субҳи 27-уми сентябр дар ҷазираи Крити Юнон рух дод, калисое дар шаҳри Ираклион фурӯ рехт ва дар натиҷа марде, ки дар дохил кор мекард, даргузашт. Зилзилае бо шиддати 5,8 дараҷаи Риҳтер бисёриҳоро тарсонд ва сокинони маҳаллӣ шитобон биноҳоро тарк карда ба кӯчаҳо рехтанд. Зилзила инчунин дар ҷазираи ҳамсояи Санторини эҳсос шуд, ки як макони дигари хушгузаронӣ ба ҳисоб меравад.

Шоҳидон гуфтанд, дар паи зилзила хонаҳои мардум ҳам осеб дидааст. Тапиши замин инчунин дар соҳилҳои баҳри Эгеи Туркия ҳам эҳсос шудааст, вале ба навиштаи нашрияи Hurriyet, касе осеб надидааст.

"Нома ба Панҷшер" аз чоп баромад

Аҳмадшоҳ Масъуд, пешвои Эътилофи шимол рамзи муқовимат бо Толибон буд. Ӯ соли 2001 дар ҳамлаи маргталабони "Ал-Қоида" кушта шуд

Дар Душанбе зери унвони "Нома ба Панҷшер" китобе дар васфи Аҳмад Масъуд ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба нашр расидааст. Дар ин китоб ашъори шоирони маъруфи Тоҷикистон ва ҳамчунин мақолаҳои донишмандону журналистон гирдоварӣ шудааст. Интизор меравад, ки ба зудӣ дар як маросим "Нома ба Панҷшер" муаррифӣ шуда, шакли электронии он ҳам тариқи Интернет дастраси хонандагон бигардад. Ҳамчунин ду рӯз пеш нашриёти "Адиб"-и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон маҷмуаи ашъори шоирони форсизабонро дар ситоиши Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо номи “Ҳамосаи Панҷшер” аз чоп баровард. Панҷшер ягона минтақаи Афғонистон аст, ки то ҳол бо нерӯҳои “Толибон” таслим нашудааст.

Зодаи Тоҷикистон барои латукӯби духтур баъди муоинаи ҳамсари ҳиҷобпӯшаш ба ҷавобгарӣ кашида шуд

Раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин гуфт, ки таҳқиқи қазияи аз ҷониби як марди 29-солаи тоҷик латукӯб шудани як пизишки русро баъди муоина кардани ҳамсари ҳиҷобпӯши ӯ таҳти назорати худ гирифтааст. Матбуоти Русия менависад, марди тоҷик ба авбошӣ бо истифода аз зӯроварӣ муттаҳам мешавад. Додгоҳ қарор кардааст, ки дар ҷараёни тафтишот Баҳриддин Азимов, ки зимнна шаҳрвандии Русияро дорад, аз ҳаққи тарки ҷои зист, сӯҳбат бо шоҳидон ва аз истифодаи воситаи алоқаву Интернет маҳрум мешавад. Назари худи Азимов ба ин қазия маълум нест.

Ҳодиса рӯзи 21-уми сентябр рух дод. Дар хабарҳо омадааст, ки баъди он ки як духтури пӯст ҳамсари ҳиҷобпӯши Азимовро муоина мекунад, ӯ ба утоқи пизишк даромада ба рӯяш ду мушт мезанад. Дар ҷараёни бозпурсӣ Азимов гуфтааст, ки духтур ҳангоми аз назар гузаронидани ҳамсараш ба ӯ «гап партофтааст ва пурсидааст, ки чаро халтаро ба сараш кашидааст». Гӯё ин ҳарфзо боиси хашми зодаи Тоҷикистон шудааст. Ҳоло ба ӯ то 300 ҳазор рубл ҷарима ва ё ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Даъват ба артиш аз рӯи Қонуни нави хидмати алтернативӣ дар Тоҷикистон

Даъвати сарбозон. Соли 2019

Ҳафтаи ҷорӣ дар Тоҷикистон мавсими даъватӣ тирамоҳӣ барои хидмат дар артиш оғоз меёбад, ки нахустин бор бар асоси қонуни нави хидмати алтернативӣ сурат мегирад. Ин навбат онҳое, ки намехоҳанд, хидмат кунанд, бо пардохти 25 ҳазору 200 сомонӣ ва тамрини якмоҳаи саҳроӣ соҳиби билети ҳарбӣ хоҳанд шуд. Фаридун Маҳмадилизода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон ба хабаргузории «Азия-Плюс» гуфтааст, маблағе, ки аз хидмати алтернативӣ ба даст меояд, барои нигаҳдорӣ, ғизо, либоси сарбозоне, ки ихтиёран ин навъи хидматро интихоб кардаанд, сарф мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ин пул инчунин барои хариди аслиҳа, муҳимоти ҷангӣ барои эҳтиёткорон, маоши афсарон, таъмири қисмҳои низомӣ истифода мешавад. Маблағи боқимонда барои навсозии зерсохтори ҳарбӣ-техникии қувваҳои мусаллаҳи кишвар равона хоҳад шуд.

Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд, вале гурӯҳе аз эҳтимоли афзоиши фасод нигаронанд. Намояндагони Вазорати мудофиа исрор меварзанд, ки шаффофияти ин кор таъмин хоҳад шуд.

Феълан маълум нест, ки оё шумори хосторони хидмати алтернативӣ чанд аст.

Мирзиёв: Поккории марзи Тоҷикистон аз мина ҳосили "музокироти мушкил" бо Раҳмон буд

17-уми сентябри соли 2021, Душанбе. Мулоқоти президентони Тоҷикистону Узбекистон дар канори ҷаласаи сарони СҲШ

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфтааст, баъди “музокироти мушкили” якунимсола бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон минаҳо дар марзи Тоҷикистону Узбекистон безарар карда шудаанд. Президенти Узбекистон дар ин бора 24-уми сентябр дар мулоқоташ бо интихобкунандагон дар вилояти Самарқанд изҳори назар кардааст. Ин як ҳолати камназир аст, ки раҳбари Узбекистон дар бораи минакорӣ шудани марз бо Тоҷикистони ҳамсояаш дар оғози солҳои 2000-ум ошкоро сӯҳбат кунад.

Мирзиёев номзадиашро ба интихоботи президентии моҳи октябри имсол пешбарӣ карда бори дуюм ҷӯёи курсии раёсатҷумҳурӣ мешавад. Ӯ дар мулоқот бо интихобкунандагон дар Самарқанд, ки макони зисти ҳазорҳо тоҷикон низ мебошад, ба навиштаи www.gazeta.uz гуфтааст, баъди музокироти мушкил ниҳоят ӯву Раҳмон "давоми се соат нишаста бо ҳам сӯҳбат кардаанд" ва дар ин мулоқот “99,9 фоийзи мушкилотеро, ки давоми 20 сол вуҷуд дошт, ҳал намуданд”. Мирзиёев зоҳиран аз ин беш сӯҳбат накардааст ва ҳам маълум нест, ки “мушкил” будани музокира дар чӣ ифода мешавад.

Вале мавзӯи минакорӣ шудани марз яке аз дардноктарин масъалаҳо барои Тоҷикистон буд, чун дар давоми 20 сол боиси куштаву захмӣ шудани беш аз 800 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла кӯдакону занон гардид. Он замон президент Ислом Каримов гуфт, бо нигаронӣ аз хавфи гузаштани ҷангҷӯёни Ҳаракати Исломии Узбекистон марз бо Тоҷикистонро, ки тоза аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо шуда буд, минакорӣ мекунад, вале дар ин муддат аксар қурбониҳои ин қарор на ифротгароёну мусаллаҳон, балки сокинони мулкӣ буданд.

Шавкат Мирзиёев, ки соли 2016 баъди марги Каримов президент шуд, дар баробари тадбирҳои дигар, аз ҷумла, бо Тоҷикистон дар амри поккории минаҳои наздимарзӣ гурӯҳи корӣ таъсис дод.

Намояндаи Қазоқистон бо вазири "Толибон" мулоқот кард, вале аз гуруҳ ном набурданд

Алимхон Есенгелдиев ва Амирхон Муттақӣ, Кобул, 26-уми сентябри 2021

Алимхон Есенгелдиев, сафири Қазоқистон дар Афғонистон, рӯзи 26-уми сентябр бо вазири корҳои хориҷии "Толибон", Амирхон Муттақӣ, дар Кобул мулоқот кардааст.

Матбуоти маҳаллӣ навишт, ин тамоси нахустини мансабдори баландпояи Қазоқистон бо узви ҳукумати "Толибон" аст. Гуруҳе, ки фаъолияташ дар он кишвар мамнуъст.

Дар хабарномаи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон низ номи гурӯҳи "Толибон" зикр нашуда, Муттақиро "иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии ҳукумати муваққатии Афғонистон" ном бурдаанд. Муттақӣ дар ҳукумати пешинаи "Толибон" (солҳои 1996-2001) вазири иттилоот ва фарҳанг буд ва номаш дар "рӯйхати сиёҳ"-и Созмони Милал маҳфуз аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, ҷонибҳо "масъалаи таъмини ғизо ва ёриҳои дигари башардӯстонаро ба мардуми Афғонистон" баррасӣ кардаанд.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, ҳангоми суҳбат дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе (17-уми сентябр) хоҳони ташкили як марказ барои интиқоли ёриҳои башардӯстона ба Афғонистон шуда буд. Тоқаев гуфт, Қазоқистон омода аст, ин марказро дар шаҳри Алмато ташкил кунад.

Тибқи иттилои Оҷонси омори Созмони Милал, Қазоқистон дар соли 2019 ба Афғонистон ба маблағи 400 миллион доллар орду ғалла содирот кардааст. Ҳафтаи гузашта вазири кишоварзии Қазоқистон гуфт, кишвараш содироти гандуму ордро ба Афғонистон идома медиҳад.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар хабарномааш гуфт, раҳбари сиёсати хориҷии "Толибон" омодагии ҳукумати навро барои ба роҳ мондани муносибати хуб бо кишварҳои минтақа ва "пешгирӣ аз ҳар гуна таҳдид ба амнияти онҳо" баён доштааст.

"Толибон" дар нимаи моҳи августи имсол назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт. Аз он замон то кунун кишварҳо дар эътирофу ба расмият шинохтани ин гуруҳ ҳамчун ҳокими нави Афғонистон ба мушкил дучор шудаанд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо Афғонистон ҳаммарзанд, дар навбати худ аз таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистон ва эҳтимоли сарозер шудани ҳазорҳо паноҳҷӯ нигарон ҳастанд. Намояндагони "Толибон" гуфтаанд, ба ҳамсояҳо таҳдиде вуҷуд надорад.

Ҳафтаи гузашта ду намояндаи баланлдпояи Қирғизистон низ дар Кобул бо раҳбарияти "Толибон" мулоқот ва ҳамкориҳоро баррасӣ карданд. Узбекистон аз ташкили ҳукумати "Толибон" истиқбол карда, ба Афғонистон ёрӣ фиристодааст.

Тоҷикистон ягона ҳамсояи Афғонистон аст, ки мухолифати худро бо "Толибон" ба таври ошкор баён кардааст. Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибдори ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон аст, ки дар он тоҷикон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Пешбинии ҳавои чанголуд дар Тоҷикистон

28-уми октябри соли 2018 дар Душанбе ҳаво чанголуд буд

Ҳавошиносони тоҷик пешгӯӣ мекунанд, ки чанд рӯзи оянда дар саросари Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда буда, бо ғубору чангбод омехта мешавад ва дар бархе манотиқ меҳ ё туман мефурояд. Пешбинӣ шудааст, ки аз 27 то 29-уми сентябр дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво чанголуд мешавад. Бинобар ин аз сокинон хоста мешавад, ки аз гаштугузори рӯзона, бахусус дар роҳҳои мошинрав худдорӣ кунанд, зеро ба саломатиашон зарар мерасонад. Инчунин ҳангоми иҷрои корҳои саҳроӣ, сохтмонӣ ва зимни сафар бояд эҳтиёт намоянд. Ин гуна ҳаво махсусан ба кӯдакон, пиронсолон, занони ҳомиладор ва одамони гирифтори бемориҳои роҳи нафасу дил таъсир мерасонад.

Пирӯзии сотсиал-демократҳо ва шурӯи муколамаи таъсиси ҳукумати эътилофӣ

Дар интихоботи рӯзи 26-уми сентябри Олмон SPD ё Ҳизби сотсиал-демократ аз ҳизби ҳокими Ангела Меркел пеш гузашт. Бино бар натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонии Олмон, ки 27-уми сентябр нашр шуданд, ҳамакнун сотсиал-демократҳои ғолиб ва ҳам иттиҳоди ҳизбҳои росту марказгарои зери назари Меркел (Иттиҳоди масеҳиёну демократҳои Олмон ва Иттиҳоди иҷтимоии масеҳиёни Бавария) иддао карданд, ки ҳақ доранд ҳукумати баъдиро ташкил кунанд. Фарқи миёни овозҳои бадастовардаи онҳо калон нест. То замони ташкил шудани ҳукумати нави Олмон садри аъзам Ангела Меркел ба иҷрои вазифаҳои худ дар ин мақом идома медиҳад. Ба эҳтимоли зиёд, ҳукумати баъдии Олмон аз се нирӯи сиёсӣ, ба шумули ҳомиёни муҳити зист ва “Демократҳои озод” сохта хоҳад шуд.

Бино бар натиҷаҳои пешакие, ки Комиссиюни федеролии интихоботҳо нашр кард, SPD 25,7 дарсади овозҳоро ба даст овардааст ва яке аз раҳбарони он Олаф Шолтс имкон дорад ба курсии садри аъзами Олмон даст ёбад. Ӯ гуфт, ки ҳизбаш дар фикри эҷоди як ҳукумати “коромаду хубе” хоҳад шуд. Ангела Меркел баъди 16 соли кор дар мақоми раҳбари ҳукумати Олмон аз сиёсат канор меравад.

Италия мегӯяд, ба расмият шинохтани "Толибон" имкон надорад

Луиджи Ди Майо, вазири корҳои хориҷии Италия

Италия мегӯяд, ки ҳукумати "Толибон"-ро наметавон ба расмият шинохт, аммо ба афғонҳо бояд ёрӣ кард.

Хабаргузории "Ройтерз" ба нақл аз Луиджи Ди Майо, вазири корҳои хориҷии Италия, гузориш дод, ки гуфтааст, ҳукумат ба раҳбарии "Толибон" дар Афғонистон ба расмият шинохта намешавад, аммо ӯ аз кишварҳои ҷаҳон хост, то аз буҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар пешгирӣ кунанд.

Ба гуфтаи Луиджи Ди Майо, агар бо афғонҳо дар Афғонистон кумак сурат нагирад, ин боиси муҳоҷирати васеи ғайриқонунӣ хоҳад шуд.

Вазири корҳои хориҷии Италия гуфтааст, ба расмият шинохтани ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон ба хотире имконпазир нест, ки дар кобинаи онҳо 17 нафаре шомиланд, ки муттаҳам ба терроризм мебошанд. Аммо ӯ афзудааст, дар фароҳам кардани ёриҳои молӣ ба афғонҳо набояд таъхир сурат бигирад.

"Толибон" 15-уми августи имсол вориди Кобул шуда, қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт. То ҳанӯз ҳеч кишвари ҷаҳон ба таври расмӣ ҳукумати "Толибон"-ро ба расмият нашинохтааст.

Қирғизистон гуфт, кони тилои "Қумтор" дар ду моҳ $90 млн даромад овардааст

Кони тиллои "Қумтор" дар Қирғизистон.

Дар моҳҳои июн-июли соли 2021 кони тилои "Қумтор" барои Қирғизистон 90 млн доллар фоида овардааст. Дар ин бора Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 25-уми сентябр хабар дод.

"Дар 21 сол мо аз "Қумтор" ҳамагӣ 84 млн доллар фоида гирифтем, аммо дар моҳҳои июн-июл ин даромад 90 млн долларро ташкил дод. Ана, дар куҷо ҳастанд пулҳои мо. Дороиҳои Қирғизистонро ғорат карданду дуздиданд. Мо фасодкории онҳоро ошкор кардем... Дар Қумтор ҳар моҳ 1,5-2 тона тило истихроҷ мешуд, ки тариқи ҳавопаймо ба хориҷ мебурданд. Айни замон ҳатто як грамм тило ба хориҷ бурда намешавад. Аз ҳисоби ҳамин Қирғизистони мо сарватманд мешавад, маблағ пайдо мегардад", - гуфт Тошиев.

Вай афзуд, ба ҷуз аз "Қумтор" дар ширкатҳои дигаре ҳам фасодкорӣ ошкор шудааст, ки ба кандани куҳҳо машғул ҳастанд.

Пештар аз ин вазорати иқтисод ва молияи Қирғизистон Оқилбек Жапаров гуфта буд, ки дар чаҳор моҳи охир дар кони тилои "Қумтор" 4,1 тона тило истихроҷ шудааст. Ба иттилои вазир, ин миқдор тило 61-62 млн доллар арзиш дорад.

Лавров гуфт, дар Шурои амният мавзуи ба расмият шинохтани Толибон матраҳ нашуд

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия

Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир масъалаи эътирофи ҳукумати Толибонро баррасӣ намекунад.

Дар ҳошияи яке аз нишасти солонаи Маҷмаи умумии СММ рӯзи 25-уми сентябр Сергей Лавров, вазир умури хориҷии Русия гуфт, ки мавзуи коҳиши таҳримҳо нисбат ба Толибон дар Шӯрои амнияти ин созмон матраҳ нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, аз касе низ дар нишасти Шӯрои амният нашунидааст, ки хостори бардоштани таҳримҳо нисбат ба Толибон шуда бошанд.

Русия яке аз панҷ узви Шӯрои амнияти СММ аст.

Толибон иддао доранд, ки раванди ба расмият шинохтани ҳукумати онҳо ба зудӣ аз сӯи бархе кишварҳо оғоз хоҳад шуд.

Бо гузашти наздик ба ду моҳ аз тасарруфи Афғонистон ҳанӯз ҳеҷ кишваре ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст.

Толибон аз тасмими СММ норизоӣ карданд

Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари Толибон дар Қатар

Толибон аз тасмими Созмони Милали Муттаҳид, ки ба онҳо иҷозаи суханронӣ дар нишасти солонаи Маҷмаи умумии ин созмонро надодааст, норизоӣ карданд.

Қаблан Толибон пешниҳод карданд, ки намояндаи онҳо дар Маҷмаи умумии СММ суханронӣ кунад, вале дархости онҳо қабул нашуд. Ҳоло қарор аст, намояндаи ҳукумати пешини Афғонистон дар ин созмон суханронӣ кунад. Маҷмаи умумии СММ соле як бор баргузор мешавад ва намояндагони кишварҳо дар он мавзуҳои муҳими ҷаҳонро матраҳ мекунанд.

Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари Толибон дар Қатар, ки аз ҷониби ҳукумати ин гуруҳ ба ҳайси намояндаи онҳо дар СММ пешниҳод шудааст, ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфтааст, "мо ҳимояти мардумӣ дорем ва ин созмон моро бояд ба расмият шиносад."

Қабл аз ин, дафтари матбуотии СММ хабар дод, ки дар Маҷмаи умумӣ Ғуломмуҳаммад Исҳоқзай, намояндаи ҳукумати пешини Афғонистон суханронӣ хоҳад кард.

Толибон, ки 15-уми август бидуни ҷанг Кобулро тасарруф карданд, ҳанӯз аз ҷониби ҳеҷ кишвару созмоне ба расмият шинохта нашудаанд.

Дар Русия рӯзе то 800 нафар аз КОВИД-19 мефавтанд

Яке аз беморхонаҳои Русия

Дар як ҳафтаи охир дар Русия ҳа рӯз беш аз 800 нафар аз КОВИД-19 мефавтанд. Шумораи гирифторон ба ин вирус аз моҳи август то кунун дар як шабонарӯз аз 20 ҳазор бештар аст.

Аз ҳама бештар дар Маскав ва Санкт-Петербург ба коронавирус гирифтор мешаванд.

Аз ибтидои оғози пандемия аз КВОИД-19 дар Русия беш аз 200 ҳазор нафар фавтидааст.

Дар Тоҷикистон дар як ҳафтаи ахир, мақомот мегӯянд, ҳеҷ ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирусро сабт накардаанд. Коршиносон ба ин бовар надоранд ва мақомоти тоҷикро ба пинҳонкорӣ айбдор мекунанд.

Ангела Меркел тарки сиёсат мекунад

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон

Рӯзи 26-уми сентябр дар Олмон интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад, ки пас аз 16 сол бори аввал дар он Ангела Меркел, садри аъзами ин кишвар ширкат нахоҳад кард.

Соли 2018 Ангела Меркел аз раҳбарии Ҳизби иттиҳоди масеҳӣ-демократӣ канор рафт ва эълон карда буд, ки пас аз хатми даври чоруми раҳбариаш аз сиёсат канор меравад.

Дар Олмон садри аъзамро, ки кишварро раҳбарӣ мекунад, шахсан интихоб намекунанд, балки раҳбаре ҳизбе ба ин мақом мерасад, ки дар порлумон аз ҳама бештар аъзоёнаш ҷой мегиранд.

Ҳоло барои ин мақом се номзад рақобат мекунанд, ки чандон маъруф нестанд. Армин Ланшет, намояндаи Ҳизби иттиҳоди масеҳӣ-демократӣ, Олаф Шолтс, муовини садри аъзам ва узви ҳизби сотсиал-демократӣ ва Анналена Бербок аз ҳизби “Сабзҳо” вориди рақобат шудаанд.

Дар Маскав барои таваллуди тифл 20 ҳазор рубл ваъда доданд

Яке аз таваллудхонаҳои Русия

Шаҳрдории Маскав барои таваллуди ҳар тифли навзод дар ин шаҳр 20 ҳазор рубл ваъдаи кумак кардааст.

Барои чунин кумак солона то 700 миллион рубл пешбинӣ шудааст. Дар ин бора хабаргузории маҳалии Readovka хабар додааст.

Хабарнигорони нашрия дар деворҳои таваллудхонаҳои шаҳри Маскав овезаҳоеро бо чунин навиштаҷоти таблиғотӣ, ки ба волидайни ҳар кӯдаки навзод 20 ҳазор рубл пардохт мешавад, мушоҳида кардаанд. Чунин эълон дар сомонаи “Таваллуд дар Маскав” низ дида мешавад, ки ба забонҳои сокинони кишварҳои Шӯравии пешин, аз ҷумла тоҷикӣ низ тарҷума шудааст.

Ҳанӯз моҳи феврали соли 2020 ҳукумати шаҳри Маскав гуфта буд, ки ба волидайни ҳар кӯдаки навзод кумакпулӣ медиҳанд. Дар сурате, ки як зан ду ё се тифл таваллуд кунад, он гаҳ ҳаҷми кумак ба маротиб бештар хоҳад шуд.

Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунад. Пештар, аксаран мардон ба муҳоҷират мерафтанд, вале солҳои ахир муҳоҷирати оилавӣ аз Тоҷикистон ба Русия афзоиш ёфтааст. Коршиносон мегӯянд, маҳз шароитҳои беҳтари иҷтимоӣ ва имтиёзҳо муҳоҷиратро ба ин кишвар афзоиш додааст.

Мақомоти шаҳри Маскав ба коммунистҳо ҳушдор дод ба гирдиҳамоӣ даъват накунанд

Полиси шаҳри Маскав Ҳизби коммунистро ҳушдор дод, ки сокинонро ба гирдиҳамоии эътирозӣ зидди натиҷаҳои интихобот рӯзи 25-уми сентябр даъват накунад.

Ба гуфтаи ду тан аз номзади коммунистҳо, танзимгари расонаҳои Русия "Роскомнадзор" ба ноширони вебсайти ин ҳизб дастур додааст, ки навиштаҷот дар бораи ин чорабиниро пок кунанд. Шубҳаҳо дар шафоф будани интихобот миёни рақибони ҳизби ҳокими "Русияи Воҳид" ва нозирони хориҷӣ боқӣ мондааст. Ин дар ҳолест, ки дар интихоботи вакилони Думаи Давлатӣ аз 17-ум то 19-уми сентябр номзадҳои мухолифин роҳ наётанд ва иддао мешавад қонуншиканиҳо ба муттафиқони президент Владимир Путин имкон дод, ки аксарияти курсиҳоро дар парлумон ба даст оранд.

Аммо Кумиссиюни Марказии Интихоботии Русия (КМИР) рӯзи 24-уми сентябр эълон кард, ки натиҷаҳои интихоботро тасдиқ кардааст. Раиси КМИР Элла Памфилова эълом дошт, ки "Русияи Воҳид" дар парлумон 324 курсӣ ба даст овардааст, ки нисбат ба соли 2016 19 адад камтар аст. Аммо ин курсиҳо барои тағйири Конститутсия ватаҳкими қудрати қудрати Путин дар пешорӯи интихоботи президентии соли 2024 кифоя аст.

Коммунистҳо исрор меварзанд, ки чорабинии рӯзи 25-уми сентябри онҳо як маҷлиси вакилон аст ва аз ин рӯ иҷозати расмӣ талаб намекунад. Аммо шаҳрдории Маскав, додситонӣ ва пулиси шаҳр ҳушдор доданд, ки ба ташкили ин ҳамоиш иҷозат дода нашудааст ва гуфтанд, ки ширкаткунандагони он ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Байден нишасти сарони "Чаҳоргонаи нигарон аз Чин"-ро мизбонӣ кард

Ҷо Байден дар Маҷмаи умумии СММ

Президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 24 сентябр раҳбарони Австралия, Ҳиндустон ва Ҷопонро дар Кохи Сафед мизбонӣ кард. Бо назардошти нигарониҳои муштараки онҳо аз Чин ин мулоқот сароғози Чаҳоргонаи нав унвон шудааст. Дар он таъкид шуд, ки ҳавзаи Ҳинду Уқёнуси Ором бояд озод, босубот ва боз боқӣ монад. Ҳарчанд нигарониҳо аз Чин дар суҳбатҳои расонаии ин роҳбарон садо надод, ба эҳтимоли қавӣ амалкардҳои Пекин ва ҳамкории стратегии чаҳор кишвари пешрафтаи демократӣ дар маркази диққат буданд.

Байден гуфт, Чаҳоргона дар ҷабҳаи аввали мушкилоти ҷаҳонӣ қарор хоҳад дошт.
"Мо чаҳор демократияи бузурги дорои таърихи тӯлонии ҳамкорӣ ҳастем. Мо медонем, ки корҳоро чӣ гуна бояд анҷом диҳем ва мо ба мушкилот дастболо хоҳем буд,"-- гуфт ӯ.

Сарвазири Австралия Скотт Моррисон ба ӯ ҳамовоз шуд: "Мо демократияҳои либералӣ ба назми ҷаҳонӣ бовар дорем, ки озодиро афзал медонанд, ҳамин гуна ба бозу озод будани минтақаи Ҳинду Уқёнуси Ором бовар дорем, зеро медонем, ки маҳз ҳамин чиз минтақаи қавӣ, устувор ва шукуфонро таъмин мекунад".

Ибораи "минтақаи бозу озод" ба нигарониҳои муштарак аз афзоиши нуфузи иқтисодӣ ва низомии Чин дар минтақа ишора мекунад. Дар эъломияи якҷоя пас аз музокирот, раҳбарони чаҳор кишвар қавл доданд, ки як минтақаи бозу озод ва "сарбаланд"-и Ҳинду Уқёнуси Оромро дунбол хоҳанд кард.

Ҳамчунин интизор мерафт, ки дар ҳамоиш пешрафтҳо дар тавлиди эмҳои зидди COVID-19, зербино, тағирёбии иқлим ва ҳамкориҳои технологӣ низ баррасӣ шаванд. Пеш аз нишасти чаҳорҷониба, сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ бо Байден бори аввал рӯбарӯ мулоқот кард.

Русия Валентина Чупик, ҳомии муҳоҷирони кориро 30 сол аз ҳаққи вуруд маҳрум кард

Валентина Чупик, роҳбари созмони "Тонг-ҷаҳонӣ"

Марзбонони Русия Валентина Чупик, роҳбари созмони "Тонг ҷаҳони" ва ҳомии шинохтаи муҳоҷирони кориро ҳангоми бозгашт аз Арманистон дар фурдугоҳи Шереметево ба қаламрави ин кишвар роҳ надодаанд. Ба Чупик хабарномае додаанд, ки дар он гуфта мешавад, вуруди ӯ ба қаламрави Русия то соли 2051 манъ шудааст.

Муҳаммад Собиров, яке аз ҳамкорони Валентина Чупик рӯзи 25-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Валентина ҳамроҳи як корманди дигари ин созмон бо як сафари корӣ ба Арманистон рафта буданд.

"Вақти бозгашт шаби 24-уми сентябр дар фурудгоҳи Шереметево нагузоштаанд ӯ аз марз гузарад ва ба ӯ огоҳинома додаанд, ки то соли 2051 ӯ ҳаққи ворид шудан ба Русияро надорад",- гуфт Собиров.

Ӯ афзуд, то ба ҳол намедонанд, ки Чупик дар куҷои фурудгоҳ нигоҳ дошта мешавад ва талош доранд макони нигоҳдории ӯро пайдо кунанд. Хабари манъи вуруди ӯро ба Русия ҳамсафари ӯ ба дигар ҳамкорон расонидааст.

Валентина Чупик, шаҳрванди Узбекистон буда, як сол пеш дар Русия санади паноҳандагиро ба даст овардааст. Ҳоло ҳамкорон ва ҳампешагони ӯ нигаронанд, ки имкон дорад мақомоти Русия ӯро ба Узбекистон истирдод кунанд ва ӯ дар ин кишвар мавриди озору азияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шавад.

Бархе аз ҳампешагони Чупик навиштанд, ки ихроҷи Валентина Чупик аз Русия ва бекор кардани санади паноҳандагиаш як навъ "интиқоми мақомоти Русия барои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоиҷрони корӣ аст".

Валентина Чупик, танҳо ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия нест, ки мақомоти ин кишвар ихроҷ мекунанд. Тайи чанд соли охир чанде аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла Каромат Шарипов, роҳбари "Созмони муҳоҷирони кории тоҷик", Иззат Амон поягузори созмони "Тоҷикон" дар Маскав, ки аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дифоъ мекарданд бо баҳонаҳои гуногун аз қаламрави Русия ихроҷ шуданд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG