Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии вазири нави умури дохилаи Тоҷикистон


Муҳаммадназар Солеҳов субҳи имрӯз ба кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба ҳайси вазири ин ниҳод муаррифӣ шуд ва дар ин мақом Ҳумиддин Шарипов вазири пешини ин кишварро иваз намуд.
Ҳумиддин Шарипов аз соли 1996 вазири умури Тоҷикистон буд.

Оқои Солеҳов қабл аз ин раҳбарии Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳури Тоҷикистонро бар дӯш дошт. Ӯ дуввумин узви тозатаъини кобинаи нави ҳукумати Тоҷикистон баъд аз истеъфои ҳукумат мебошад. Субҳи барвақт Шералӣ Хайруллоев ба вазифаи вазири дифоъ таъин шуд.


Генерал -майор Муҳаммадназар Солеҳов аз рӯи ихтисос ҳуқуқшинос буда ва дар мақомоти додситонӣ ва додгоҳӣ фаъолият кардааст. Аз моҳи ноябри 1992 то ноябри 1995 Додситони кулли кишвар, баъдан то соли 1997 муовини вазири умури дохила, аз 1997 то 2000 ба ҳайси раҳбари дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур, сипас, то соли 2003 раиси Додгоҳи конститутсионӣ, муддати як сол раиси Шӯрои адлия ва аз охири соли 2003 то субҳи имрӯз барои бори дуввум дар симмати раҳбари дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳури Тоҷикистон фаъолият кардааст.
XS
SM
MD
LG