Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Олии Русия намехоҳад, андиҷониёнро ба Узбакистон истирдод кунад


Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, Додгоҳи Олии Русия, шикояти расмӣ амри додситониро дар мавриди истирдоди 12 шаҳрванди Ӯзбакистон ва як шаҳрванди Қирғизистон ба Тошканд рад кардааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Мемориал ва Мусоидати шаҳрвандӣ мегӯянд, он сенздаҳ нафарро аз моҳи июни соли 2005 дар боздоштгоҳе дар шаҳри Ивановои Русия нигаҳ медоранд.


Мақомоти Тошканд мехоҳад, тамоми боздоштшудагонро ба Ӯзбакистон истирдод кунанд, зеро онҳоро ба барангехтани ошӯбҳои хунини Андиҷон дар моҳи май муттаҳам мекунад.


Моҳи августи соли равон, додситонии Русия амр дод, то дархости истирдоди Ӯзбакистон иҷро шавад, аммо бо назардошти баррасии ин қазия дар Додгоҳи Аврупо доир ба ҳуқуқи инсон истирдоди он сенздаҳ боздоштшударо ба таъхир андохт. Моҳи гузашта, Русия як шахси муттаҳам дар ошӯбҳои мардумии Андиҷонро ба Ӯзбакистон истирдод кард.
XS
SM
MD
LG