Сафари мазкур дар ҳоле сурат мегирад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар фикри пайдо кардани роҳи ба музокироти сулҳи Ховари Миёна ворид кардани Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад. Ҳафтаи гузашта Толибонӣ гуфта буд, ки ҳадафи аслии сафар баррасии масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва ба вижа масоили амниятии Ироқ мебошад. Ин сафар мебоист рӯзи шанбе сурат гирад ва гуфта мешуд, ки дар кори он эҳтимолан раиси ҷумҳурии Сурия низ иштирок кунад. Аммо ҳодисаҳои хунини рӯзи панҷшанбе, ки мунҷар ба марги 200 нафар шуданд, сафари Толибониро ба Эрон паспарто карданд.
KB Имрӯз интизор меравад, ки Ҷалоли Толибонӣ, раиси ҷумҳурии Ироқ бо як сафари корӣ вориди Теҳрон шавад ва бо ҳамтои эрониаш Маҳмуди Аҳмадинажод мулоқот кунад.