Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насби нахустин банкомат дар шарқи Тоҷикистон


МШ

Дар шаҳри Роғун нахустин банкомат дар минтақаи шарқи Тоҷикистон насб шуд. Нахустин банкомат дар шаҳри Роғунро «Агроинвестбонк» насб кардааст.


Саидмурод Қулов, масьули «Агроинвестбонк» дар Роғун насби аввалин банкомат дар минтақаи шарқи кишварро барои муҳоҷирини кории ин маҳал ва кормандони нерӯгоҳи барқии обии Роғун муҳим хонд. Ӯ гуфт, муҳоҷирини корӣ метавонанд, кортҳои плостикии оилавӣ гиранд ва вақте онҳо дар ҳисоби бонкии худ маблағ мегузоранд, хонаводаи онҳо аз ин ҷо, аз банкомат метавонанд, он маблағро дастрас намоянд.


Масъули «Агроинвестбонк» дар Роғун гуфт, дар ҳоли ҳозир онҳо ҳадаф ва моҳияти истифода аз корти плостикиро тавассути мактуб ба бахшҳои сохтмонӣ, ки маоши бештареро соҳибанд, ирсол кардаанд. ӯ гуфт, бо фаъол шудани корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун ин навъи хидматрасонии бонкӣ аҳамияти бештарро касб мекунад.
Маҳмуди Шодӣ, Роғун
XS
SM
MD
LG