Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими видоъ бо Пйер Ҷумайл дар Бейрут


Маркази Бейрут рӯзи панҷшанбе ғарқи як дарёи бузурги парчамҳои серангаи Лубнон шуда буд. Ҳанӯз чанд соат пеш аз маросими дафни Пйер Ҷумайл даҳҳо ҳазор нафар ба хотири видоъ бо ӯ дар пиромуни майдони Шаҳидони пойтахти Лубнон гирди ҳам омаданд.

Пйер Ҷумайл, фарзанди раисиҷумҳури пешини Лубнон Амин Ҷумайл, ки 34 сол дошта, вазири саноат ва аз раҳбарони ҳизби Фаланга, як ташаккули умдаи узви эътилофи аҳзоби мухолифи ҳузури Сурия дар Лубнон буд, рӯзи сешанбе дар натиҷаи як сӯъиқасд кушта шуд.

Сиёсатмадорони мухолифи Сурия дар пайи қатли Пйер Ҷумайл ангушти иттиҳомро зуд ба сӯи Димишқ карданд ва аз мардум даъват карданд, дар рӯзи видоъ бо ӯ мухолифтати худ ба дахолати Сурия дар умури Лубнонро ба намоиш гузоранд. Раҳбари аксарияти зиддисуриёӣ дар парлумони Лубнон Саъд Ҳарирӣ, ки падари ӯ, сарвазири собиқи Лубнон Рафиқ Ҳарирӣ низ дар моҳи феврали соли 2005 дар натиҷаи сӯъиқасд кушта шуда буд, аз ҳамаи мардум даъват кард, ки бо ширкат дар маросими видоъ бо Пйер Ҷумайл аз озодӣ ва истиқлолияти кишвар пуштибонӣ кунанд. Мардуми гирдиҳамомада дар маросими видоъи Пер Ҷумайл алайҳи раисиҷумҳури Сурия башор Асад ва муттаҳидинаш дар Лубнон - президент Эмил Лаҳуд ва гурӯҳи ҷангии шиъаҳои лубнонӣ Ҳизбуллоҳ шиор медоданд.

Дар маросими видоъ вазири хориҷаи Фаронса Филлип Дусте Блази ва раҳбари Лигаи давлатҳои араб Амри Мӯсо низ ширкат доштанд. Дусте Блази рӯзи чоршанбе албатта ба таври ғайримустақим, вале ишораҳое ба эҳтимоли даст доштани Сурия дар қатли Пер Ҷумайл кардааст. Ва аммо раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш билофосила чанд соат баъд аз кушта шудани раҳбари масеҳиёни лубнонӣ Сурияву Эронро ба маҳзи ин куштор ба боди танқид кашид.

Аммо Сурия ҳар навъ даст доштанаш дар қатли Пер Ҷумайлро радд мекунад. Димишқ мегӯяд, Ҷумайлро махсус дар рӯзе куштанд, ки СММ мебоист тарҳи додгоҳи афроди муттаҳам ба қатли Рафиқ Ҳаририро қабул мекард. Матбуоти расмии Сурия мегӯяд, танҳо нирӯи манфиатдор ба қатли Ҷумайл эътилофи зиддисуриёии ҳоким дар Лубнон аст, ки дар пайи ҳамлаи Исроил ба чолишҳои фазояндае аз сӯи Ҳизбуллоҳ рӯбарӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG