Субҳи панҷшанбе (23 ноябр) гурӯҳҳои наҷоти Лаҳистон ҷасади охирин кӯҳканро аз макони инфиҷор берун кашиданд.
Ҳамин тариқ, бар асари таркиши гази метан дар кони ангишти Ҳалембаи ширкати давлатии "Компания Веглова"-и Полша, ки 21 ноябр ба вуқӯъ пайваста буд, 23 кӯҳкан ба ҳалокат расиданд. Сухангӯи ин ширкат Збигнев Мадей изҳор намуд, ки амалиёти наҷот ба охир расид ва шумораи ниҳоии қурбониҳо ба 23 нафар баробар аст. Номбурда афзуд, ки бар пояи шаҳодатҳои мавҷуда ҳамаи кӯҳканҳо дар лаҳзаи таркиш вафот кардаанд.
Президенти Полша Лех Качинский сафари Гурҷистонро лағв намуда, эълон кард, ки ду рӯзи оянда кишвар мотам хоҳад дошт.