Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди вазири умури хориҷии Сурия аз Ироқ


Валид Ал-Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия, ки дар Ироқ қарор дорад, гуфтааст, беруншавии нерӯҳои ИМА ба қатъи бархӯрдҳои байнимазҳабии Ироқ кӯмак хоҳад кард.


Мансабдорони ИМА ва Ироқ таъкид мекунанд, ки Сурия барои ҷилавгирӣ аз убури ҷангҷӯёни хориҷӣ ба қаламрави Ироқи ҳамсоя ба қадри кофӣ талош намеварзад. Баъди музокирот бо вазири умури хориҷии Сурия, вазири умури хориҷии Ироқ Ҳушёр Зебарӣ изҳор намуд, ки амнияту суботи Ироқ барои Сурия ва дигар кишварҳои ҳамсоя масъалаи ҳалталаб аст.


Муаллим мақоми баландтарини Сурия аст, ки пас аз барканоршавии ҳукумати Саддом Ҳусайн дар соли 2003-ум аз Ироқ зиёрат мекунад.


Зебарӣ мегӯяд, сафари Муаллим нишон хоҳад , ки то кадом андоза кишварҳои ҳамсояи зери раҳбарии мусулмонони суннимазҳаб ҳозиранд ба Ироқ кӯмак расонанд. Феълан ҳукумати Ироқ таҳти назорати мусулмонони шиамазҳаб буда, онро ИМА дастгирӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG