Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусоидати СҶМ дар раҳоии 60 тан атбоъи Тоҷикистон


Бо кӯмаки Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар даҳ моҳи соли равон 60 тан аз шаҳрванди қочоқшудаи Тоҷикистон аз Аморати Араб ба Тоҷикистон баргардонида шудааст.


Нигина Муҳаммадҷонова ҳамоҳангсози барномаҳои Дафтари Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон бо баёни ин матлаб гуфт ин гурӯҳро умдатан занону духтарони 16-30 сола ташкил медод,ки дар солҳои мухталиф аз роҳи қочоқи инсон ба кишвари араб интиқол дода шуда буданд.

Хонум Муҳаммадҷонова афзуд раҳоӣ ва интиқоли 60 нафар атбоъи тоҷикистонии мавриди қочоқ қарор гирифта муштаракан дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти зирабти Тоҷикистон сурат гирифтааст.


Масъули барномаҳои Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон ишора кард дар ҳоли ҳозир занони бозгардонида шуда ба манзури тақвияти руҳиву ҷисмӣ таҳти муроқибат қарор доранд.


Қочоқ ва интиқоли ғайриқонунии атбоъи Тоҷикистон ба хориҷ ба унвони як падидаи тоза дар чанд соли охир ба масъалаи нигаронкунандаи ҷомеъаи ин кишвар бадал шудааст.


Ин дар ҳолест,ки бинобар омори Дафтари Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон танҳо дар соли 2005 аз кишвари Амороти Араб ҷамъан 20 тан шаҳрванди қочоқшудаи ин кишвар ба Ватан баргардонида шудааст.


Аммо тибқи омори Созмони ҷаҳонии муҳоҷират феълан дар кишварҳои хориҷ беш аз 400 нафар занону ҷавонони
тоҷик ба сар мебаранд, ки тавассути гурӯҳҳои мухталиф ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ қочоқ шудаанд.
XS
SM
MD
LG