Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон: "Русияро ба WTO роҳ намедиҳем"


Муовини вазири ислоҳоти иқтисодии Гурҷистон Вахтанг Лежава мегӯяд, то замоне, ки Русия тиҷорати ғайриқонуниаш бо ду ҷумҳурии ҷудоихоҳи Гурҷистонро хотима надиҳад, ин кишвар ба пайвастани Русия ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ (WTO) мухолифат хоҳад кард. Зимни сӯҳбат дар шаҳри Тбилисӣ вай ба тиҷорати Русия бо Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ ишора кард, ки аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ ба расмият шинохта нашудаанд, вале бо Русия ҳамкории наздик доранд.


Пештар аз ин раиси ҷумҳурони Русия ва Амрико Владимир Путин ва Ҷорҷ Буш дар Вйентам созишномаи тиҷоратие имзо карданд, ки роҳи Русияро барои пайвастан ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ боз мекунад. Аммо барои пайвастан ба ин созмон Русия бояд ризоияти тамоми кишварҳои узви Созмони Тиҷорати Ҷаҳониро, ки Гурҷистон низ узви он аст, ба даст оварад.
XS
SM
MD
LG