Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алкател ба Тоҷикистон омад


Ширкати байналмилалии Алкател - содиркунандаи таҷҳизоти муосири мухобиротӣ дар Тоҷикистон намояндагӣ боз намуд. Маросими ифтитоҳи намояндагии ин ширкат рӯзи 14 ноябр дар шаҳри душанбе бо иштироки масъулин, намояндагони ин ширкат ва бархе аз суфарои кишварҳои ғарбӣ сурат гирифт.


Даниел Егер- ноиби президенти Алкател дар Осиёи Марказӣ, Муғулистон ва Озарбойҷон, ки дар ин маросим суханронӣ мекард, гуфт, ифтитоҳи намояндагии мазкур имконияти хуби дастрас кардани таҷҳизот ва фанновариҳои замонавӣ барои ширкатҳои мобилӣ ва ширкатҳои оддии мухобиротӣ ба Тоҷикистон ва соири кишварҳои минтақаро фароҳам мекунад. Ӯ гуфт, дар Тоҷикистон соҳаи мухобирот бо суръат рӯ ба рушд ниҳодааст ва як сабаби таъсиси намояндагии Алкател низ ҳамин суръати зуд ва бонизоми ин бозор мебошад.


Ноиби президенти ширкати Алкател изофа кард, ки бо таъсиси намояндагии минтақаӣ дар Тоҷикистон онҳо ба таври ҷиддӣ тасмим гирифтааанд, ки дар рушди бозори мухобиротии минтақа саҳм бигузоранд. Намояндагии ширкати Алкател ҳамзамон бо дастрас кардани технологияи нав ба ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон қасд доштааст, барои Донишгоҳи техноложии Душанбе синфхонаҳои махсус ташкил дода ва низ барои тарбияти мутахассисони олисавия кӯмак намояд.


Ширкати Алкател то кунун дар 130 кишвари дунё намояндагӣ ифтитоҳ кардааст.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG